Қазоқистон теъдоди дақиқи кушташудагон дар ошӯбҳои январиро эълон кард

© Sputnik / Vasily Krestyaninov / Гузариш ба медиабонкРабочие во время обеда в перерыве восстановительных работ пострадавшего от пожара здания Акимата в Алма-Ате
Рабочие во время обеда в перерыве восстановительных работ пострадавшего от пожара здания Акимата в Алма-Ате - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Обуна шудан
Мақомоти ин кишвар омори фавт дар ҳодисаҳои марговар дар аввали соли 2022-ро мушаххас карданд
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Теъдоди қурбониёни ошӯбҳои моҳи январ, ки тақрибан дар саросари Қазоқистон рух дод, тағйир ёфт.
Ба гуфтаи додситони кулли ин ҷумҳурӣ Берик Алисов, 230 нафар қурбони ҳамлаҳои террористӣ шудаанд.

"Дар маҷмуъ дар кишвар 230 нафар, аз ҷумла 19 афсари низомӣ ва амниятӣ ҷон бохтанд", - гуфт ӯ дар ҷаласаи умумии палатаи поёнии парлумон.

Қаблан мақомоти Қазоқистон дар пайи ҳаводиси январӣ аз 4578 маҷрӯҳ ва 225 ҳалокшуда, аз ҷумла 19 маъмури амниятӣ хабар дода буданд.
Ёдовар мешавем, ки тазоҳуроти оммавӣ дар Қазоқистон дар авоили январи соли 2022 оғоз шуда буд. Сабаби баргузории гирдиҳамоӣ ду баробар боло рафтани нархи гази моеъ гуфта мешуд.
Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои кам кардани нарх эълон кард, аммо эътирозҳо дар шаҳрҳои дигар паҳн шуданд. Дере нагузашта он ба бетартибӣ ва бархӯрдҳои мусаллаҳ печид.
Дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Қазоқистон вазъияти изтирорӣ ва соати комендантӣ ҷорӣ ва чорабиниҳои оммавию фурӯши аслиҳа манъ шуд.
Военная техника российской части миротворческих сил ОДКБ на аэродроме в Алма-Ате - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Бордюжа гуфт, агар Тоқаев каме дер мекард, бо Қазоқистон чӣ рух медод
Илова бар ин бо дархости Тоқаев нерӯҳои дастаҷамъии СПАД ба қаламрави ин кишвар ворид карда шуданд.
Субот дар ин ҷумҳурӣ ба шарофати амали нерӯҳои амнияти миллӣ ва посдорони сулҳи Русия, Тоҷикистон, Арманистон ва Беларус таъмин гардид.
Тибқи ҳисобҳои ниҳодҳои марбута, хисорот аз ошӯб дар Қазоқистон беш аз 2 миллиард долларро ташкил додааст.
Вазорати хориҷаи Русия рӯйдодҳои ин ҷумҳуриро як кӯшиши аз берун дастгириёфта, бо зӯр халалдор кардани амният ва якпорчагии давлат арзёбӣ карда буд.
Лентаи хабарҳо
0