Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Қодиров аз Зеленский даъват кард, ки таслим шавад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ба гуфтаи роҳбари Чеченистон, вуруди Украина ба НАТО даргириро бо Русия ногузир мекард, аз ин рӯ амалиёти вижа тасмими дуруст аст
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Ғарб ҳадафмандона эҳсосоти миллатгароиро дар Украина инкишоф дод, то ба Русия зарба занад.
Дар ин бора дар матлабе, ки раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров дар вебсайташ нашр кардааст, гуфта шудааст.
Мақолаи "Суқути ҷаҳони якқутбӣ" ба авзоъ дар Украина ва ҳамчунин равобити Русия ва Ғарб, ки ба он пайванди ногусастанӣ дорад, бахшида шудааст.
Дар ин матлаб Қодиров бори дигар Зеленскийро ба таслим шудан даъват кардааст.

"Бо раисҷумҳури Русия тамос гиред, шикасти худро эътироф кунед. Ин беҳтарин ва дурусттарин тасмим хоҳад буд, ки мардуми Украинаро ҳимоят мекунад", — навиштааст раиси Чеченистон.

Қодиров изҳор дошт, ки НАТО пас аз фурӯпошии ИҶШС тадриҷан ба марзҳои Русия наздик шуда, ба амнияти он таҳдид мекунад.
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Қодиров гуфт, даҳҳо ҳазор чеченҳо омодаи ширкат дар амалиёт дар Украина ҳастанд
Дар идома ӯ қайд намуд, дар ҷараёни амалиёти вижа дар Украина маълум шуд, ки на Украина ва на кишварҳои кафил шартҳои Ёддошти Будапешт дар соли 1994 дар мавриди даст кашидан аз мақоми қудратҳои ҳастаиро иҷро карданӣ нестанд.
Вай таъкид кард, ки артиши Русия дар ҷараёни як амалиёти вижа муваззаф шудааст, ки мардуми осоиштаро наҷот диҳад, дар ҳоле ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва миллатгароён "шаҳрвандони худро ҳамчун сипари зинда истифода мекунанд".
Лентаи хабарҳо
0