Раиси собиқи ВМКБ даргузашт

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Обуна шудан
Марҳум дар солҳои аввали истиқлол ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Шаби 14 март раиси собиқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодавлат Шодавлатов даргузашт.
Хабари даргузашти ин ходими давлатиро шабакаи хабарии "Pamir Daily News", ки бештар хабарҳои ВМКБ -ро нашр мекунад, дар сафҳаи худ ҷо додааст.
Расман иллати фавти Шодавлатов нашр нашудааст ва танҳо зикр гардидааст, ки ӯ бар асари беморие ҷон аз даст додааст.
Манбаъ Шодавлатовро марде гуфт, ки пайваста дар хидмати халқу Ватан ва бахусус сокинони ВМКБ буд.

"Дар душвортарин давра, дар солҳои 90-ум Кумиҷроияи вилояти ВМКБ роҳбарӣ мекард ва бо тамоми қувва мекӯшид, то сулҳу субот дар сарзамини мо пойдор бошад", - омадааст дар хабари ин шабака.

Зикр гардид, ки маҳз бо талошҳои ӯ дар давраи вазнин ба ВМКБ кумакҳои башардӯстона ирсол гардиданд ва мардум аз нодориву гуруснагӣ наҷот ёфт.
Илова бар ин марҳум яке аз чеҳраҳои фаъол дар баргардондани гурезагон ба Ватан мебошад.
Футболист Сергей Мандреко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Футболбози маъруфи тоҷик даргузашт
Шодавлатов Шодавлат соли 1942 деҳаи Занудчи ноҳияи Роштқалъа ба дунё омада, баъди хатми факултети механикии хоҷагии қишлоқи Техникуми политехникии шаҳри Душанбе фаъолияти меҳнаташро ба ҳайси механики Иттиҳодияи "Точикселхозтехника"-и ҷумҳурӣ (1968-1974) оғоз намудааст.
Ӯ аз соли 1976 кори худро ба унвони сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ёвон оғоз карда, дар солҳои 1985-1990 раиси ноҳияи Ёвон буд.
Номбурда 3 майи соли 1992, замоне ки дар ВМКБ ноҳияи Роштқалъаи аз нав таъсис ёфт, раиси ноҳия интихоб гардид. Баъди се моҳ бо таклиф ва пешниҳоди раиси Шӯрои намояндагони вилоят Акбаршо Искандаров ба вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи ВМКБ таъйин гардида, то 14 майи соли 1993 дар ин вазифа фаъолият кард.
Лентаи хабарҳо
0