Русия дар марзи НАТО қарор гирифтаст ё баръакс?

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Маскав ба меъмории амнияти ҷаҳонӣ пешниҳод мекунад, ки аз тавсеаи НАТО ба Шарқ ҷилавгирӣ шавад
Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ - НАТО моҳи апрели соли 1949 таъсис ёфта, ҳадафи он "таҳкими суботу рушди рифоҳ дар минтақаи Атлантикаи Шимолӣ" арзёбӣ шуд.
Амалан нахустин дабири кулли НАТО Исмэй Гастингс таъйиноти блокро чунин муайян карда буд: "Нигоҳ доштани Иттиҳоди Шӯравӣ дар беруни Аврупо ва ҳамчунин ҳифзи амрикоиҳову олмониҳо аз таҳти назорати шӯравӣ қарор гирифтан".
Тайи даҳсолаҳо НАТО густариш ёфта, агар солҳои аввали таъсисёбияш 12 кишвар узви он шуда буданд, феълан 30 кишварро фаро мегирад.
Эътилоф ҳатто баъди ваъдаи шифоҳӣ ба Михаил Горбачев, роҳбари вақти Иттиҳоди Шӯравӣ дар мавриди паҳн нашудани НАТО ба Шарқ боз доман паҳн карда истодааст. Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд, вале эътилоф аз паҳншавӣ даст намекашад. Акнун барои таъмини амнияти ҷаҳонӣ аз кишварҳои ғарбӣ кафолатҳои хаттии паҳн нашудан Шарқро талаб доранд.
Лентаи хабарҳо
0