Тарма "Дулан"-ро ба дарёи Ғунд бурд: падару писар ҳалок шуданд

© Фото : УВД Ошкской области КыргызстанаСпасатели откапывают машины
Спасатели откапывают машины  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тайи рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон тарма ду нақлиёти бокашро зер кардааст, ки як ҳолаташ бо оқибатҳои нохуш поён ёфтааст
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дар шоҳроҳи Хоруғ - Мурғоб тарма автомобили боркаши тамғаи "Дулан"-ро зер кард, ки дар пайи он падару писар дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуданд.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ҳалокшудагон сокинони ноҳияи Рӯдакӣ буда, падар 63 сол доштаву писараш бошад, 40-сола будааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса дар километри 693-юми шоҳроҳи Хоруғ - Мурғоб, мавзеи Ғунди ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон сар зада, тарма мошини бокашро ба дарёи Ғунд чаппа кардааст.
Ин ниҳод мегӯяд, дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ ҷасадҳои фавтидагон пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.
Ҳамчунин зуҳри ҳамин рӯз, дар километри 71-уми шоҳроҳи Душанбе - Варзоб тарма мошини боркаши тамғаи "Мерsедеs DAF"-ро зер карда, ҳатто онро аз баландии 100 метр чаппа кард.
Сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Ҳушдор аз ҳавои номусоиди чор рӯзи оянда: агентӣ гуфт дар куҷоҳо сел меояд
Худрави боркаш таҳти идораи марди 45-солаи сокини шаҳри Ҳисор буд ва як мусофири дигар низ дошт, ки наҷотдиҳандагони КҲФ якҷо бо кормандони хадамоти роҳи IRS ба дара фуромада, мардонро аз мошин берун оварда, ба беморхонаи ноҳиявӣ бурданд.
Дар робита ба эълони номусоидии обуҳаво КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки қоидаҳои оддии бехатарии шахсиро риоя кунанд, аз сайру гашт дар кӯҳҳо, чидани занбӯруғ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ мерӯянд, худдорӣ намоянд.
Гуфта мешавад, дар пайи тармарезӣ шоҳроҳҳои Ванҷ - Рӯшон, Шуғнон - Хоруғ, Рӯшон - Бартанг, Хоруғ - Роштқалъа ва Хоруғ - Мурғоби ВМКБ баста буда, корҳои бартарафсозӣ идома дорад.
Махсусан аз ронандагон даъват шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо аз эҳтиёт кор бигиранд.
Лентаи хабарҳо
0