Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Собянин низоми ниқобпӯширо дар Маскав лағв кард

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузаштан ба хазинаи аксРоспотребнадзор ввел всеобщий масочный режим
Роспотребнадзор ввел всеобщий масочный режим - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мири шаҳри Маскав аз 15 март низоми ниқобпӯширо лағв кард
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дар Маскав аз рӯзи сешанбеи 15 март талаби истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ лағв шуд, гуфт раиси пойтахт Сергей Собянин.
"Беҳбуди бемайлони вазъи эпидемиологӣ ба мо имкон медиҳад, ки қарори деринтизорро қабул кунем", - навиштааст ӯ.
Илова бар ин чораҳои беҳдоштӣ дар корхонаву идораҳо, аз ҷумла ҳамарӯза чен кардани ҳарорати бадан ва риояи фосила байни кормандон лағв карда мешавад.
Собянин дар идома афзуд, ки бекор шудани баъзе чораҳои зидди ковидӣ дар шароите ки соҳибкоронро дар ҳолати ногувор қарор дода буд, манфиатовар аст.
Снятие ковидных ограничений в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Лағви маҳдудиятҳои ковидӣ дар Тоҷикистон
Тибқи иттилои ситодҳои оперативӣ, шабонарӯзи гузашта дар Маскав 957 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ошкор шуда, 44 нафар аз он афроди бемор фавтиданд. Инчунин 1061 мариз шифо ёфта, аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав мураххас шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ситоди ҷумҳуриявӣ низ бинобар ба эътидол омадани вазъи коронавирус чандин маҳдудияти ковидиро бекор кард.
Аз ҷумла, дар Тоҷикистон пӯшидани ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ лағв шуд. Инчунин маҳдудиятҳо дар тӯй ва дигар ҷашну маросими миллӣ ҳам бекор гардид.
Аммо иқдоми нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ ва муҷаҳҳаз кардани ҷойҳои ҷамъиятӣ бо маводи зиддиуфунӣ дар Тоҷикистон ҳамоно ҳифз шудааст.
Лентаи хабарҳо
0