Вирусолог маслиҳат дод, ки сокинони Маскав ниқобпӯширо идома диҳанд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкЛюди идут по новому подземному пешеходному переходу в Москве.
Люди идут по новому подземному пешеходному переходу в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Обуна шудан
Пӯшидани ниқоби тиббӣ дар шаҳри Маскав минбаъд на уҳдадорӣ, балки тавсия хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Коронавирус гум нашудааст ва сокинони Маскав бояд пӯшидани ниқобро идома диҳанд, изҳор дошт профессори вирусшинос Анатолий Алтштейн.
Ин корманди илмии Пажуҳишгоҳи эпидемиология ва микробиологияи ба номи Гамалея дар суҳбат бо РИА "Новости" таъкид намудааст, ки тамоми қоидаҳои беҳдоштӣ бояд риоя шаванд.
Ӯ дар мавриди лағви низоми ниқобпӯшӣ таъкид намудааст, ки ин низомро вақте давлат назорат мекунад, ҳушдор медиҳад, ҷарима мекунад.

"Аммо чораҳои зиддиэпидемикӣ аҳамияташонро нигоҳ медоранд, одамон бояд ниқоб пӯшанд, фосилаи иҷтимоиро нигоҳ доранд ва дастҳояшонро шӯянд. Чун эпидемия давом дорад, афроди огоҳ бояд риояи ин меъёрҳоро идома диҳанд", - гуфт Алтштейн.

Ин тавсияи вирусшинос дар ҳолест, ки дар Маскав аз рӯзи 15 март талаби истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ лағв мегардад, гуфт раиси пойтахт Сергей Собянин.
"Беҳбуди бемайлони вазъи эпидемиологӣ ба мо имкон медиҳад, ки қарори деринтизорро қабул кунем", - навиштааст шаҳрдор.
Снятие ковидных ограничений в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Лағви маҳдудиятҳои ковидӣ дар Тоҷикистон
Илова бар ин чораҳои беҳдоштӣ дар корхонаву идораҳо, аз ҷумла ҳамарӯза чен кардани ҳарорати бадан ва риояи фосила байни кормандон лағв карда мешавад.
Собянин дар идома афзуд, ки бекор шудани баъзе чораҳои зиддиковидӣ дар шароите ки соҳибкоронро дар ҳолати ногувор қарор дода буд, манфиатовар аст.
Бар асоси омори расмӣ, шабонарӯзи гузашта дар Маскав 957 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ошкор шуда, 44 нафар аз он афроди бемор фавтиданд. Инчунин 1061 мариз шифо ёфта, аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав мураххас шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0