Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Янукович гуфт, имкони ҷилавгирӣ аз фоҷиа дар Украина вуҷуд дорад

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузаштан ба хазинаи аксБывший президент Украины Виктор Янукович
Бывший президент Украины Виктор Янукович  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Собиқ кишвардори Украина мегӯяд, ҳамоно имкони ҷилавгирӣ аз фоҷиаи даҳшатбор дар Украина мавҷуд аст
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Виктор Янукович, президенти собиқи Украина дар мусоҳиба бо РИА "Новости" гуфт, то ҳол имкони боздоштани фоҷеа дар ин кишвар вуҷуд дорад.
Ба гуфтаи Янукович, бояд ба ҳар қимате ки набошад, ба хунрезиҳо хотима бахшида шавад.
Вай қайд кард, ки Владимир Зеленский "мушовирон"-и гуногун дорад, аммо қимати масъулияти шахсии ӯ хеле бузург аст.
"Таърихи ин муноқиша хеле пеш, ҳашт сол пеш оғоз шуда буд. Бале, ҷангро дар соли 2014 на Зеленский, балки дабири собиқи Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина Александр Турчинов оғоз кард. Порошенко, президенти собиқ онро идома дод. Аммо Зеленский дар интихобот ваъда дод, ки ба ҷанг хотима мебахшад. Мардум ба ӯ бовар ва ӯро интихоб намуданд. Мутаассифона, ӯ низ мардумро фиреб дод. Аммо ҳоло ниқобҳо бардошта шуданд ва ҳанӯз имкони боздоштани фоҷеа вуҷуд дорад", - тавзеҳ дод Янукович.
Президент РФ В. Путин провел заседание Совбеза РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин дар оғоз фармон дод, ки ҳамла ба шаҳрҳои бузурги Украина фаврӣ набошад
Ёдовар мешавем, ки Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Лентаи хабарҳо
0