Амирабдуллоҳиён: Эҷоди таҳримҳои якҷониба зидди кишварҳоро равиши нодуруст медонем

© Sputnik / Руслан КривобокХосейн Амир Абдоллахиян, галава МИД Ирана
Хосейн Амир Абдоллахиян, галава МИД Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири умури хориҷии Эрон дар Маскав пеш аз дидор бо ҳамтои руси худ гуфт, ки Эрон ҷанг дар Украина, Афғонистон, Яман ва ҳар нуқтаи дигар аз ҷаҳонро басароҳат маҳкум мекунад ва дар бораи роҳҳалли сиёсӣ дар мавзуи Украина таъкид кард
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Ҳусейни Амирабдуллоҳиён, вазири хориҷаи Эрон барои дидору гуфтугӯ бо Сергей Лавров ҳамтои русӣ худ вориди Маскав шуд, иттилоъ додааст ИРНА.
Тибқи иттилои манбаъ, вазири умури хориҷии Эрон ба рӯзноманигорон бо ишора ба ин ки таҳаввулоти Украина вазъияти ҷадиде аст, ки дар арсаи минтақавӣ ва байналмиллалӣ рух додааст, гуфт: “Мо басароҳат ҷангро маҳкум мекунем, чи дар Украина, Афғонистон ва Яман ва ҳар нуқаи дигар аз ҷаҳон, мо таҳримҳоро ҳам маҳкум мекунем, эҷоди таҳримҳои якҷониба зидди кишварҳо ва милатҳоро равиши нодуруст медонем ва бар роҳи ҳалли сисёсӣ дар мавзуи Украина тамаркуз мекунем”.
Ҳамчунин Амирабдуллоҳиён дар идома пайгирии музокироти Вена барои лағви таҳримҳоро аз дигар аҳдофи сафари худ ба Маскав хонд.
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Азербайджана И. Алиевым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Номзад ба президентии Фаронса мехоҳад ба Путин монанд бошад
“Дар изҳори назарҳо ва ахбор ин гуна мунташир мешавад, ки агар мо дар Вена бо тарафи амрикоӣ ва ҳамчунин бо дигар тарафҳои ғарбӣ ба тавофуқ ва натиҷаи ниҳоӣ бирасем, мумкин аст, аз тарафи Русия бо таваҷҷуҳ ба баъзе матолибе, ки дар расонаҳо матраҳ шуд, ҳимояти лозим дар Вена надошта бошем”, - гуфт вазири хориҷаи Эрон.
Амирабдуллоҳиён изҳори умедворӣ кард, ки "дар гуфтугӯҳо бо Русия ба тавофуқ мерасем", то ин кишвар ба таври пойдор ва қавӣ дар канори Эрон дар Вена қарор бигирад.
Вай гуфт, Эрон ба унвони кишвари масъулиятпазир борҳо эълом кард, бо таваҷҷуҳ ба ин ки Амрико тарафе буд, ки тавофуқи БарҶОМ-ро нақз кардааст, бояд бо рафъи таҳримҳо ба тавофуқ бозгардад ва иҷрои тааҳҳудоташ мавриди ростиозмоӣ қарор гирад.
Лентаи хабарҳо
0