Бонки Ҷаҳонӣ барои вокуниш ба коронавирус ба Тоҷикистон 25 млн. доллар медиҳад

© Sputnik / СтрингерВсемирный банк
Всемирный банк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тоҷикистон барои беҳтар кардани вазъи беҳдоштӣ ва вокуниш ба коронавирус боз кумак дарёфт кард
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Бонки Ҷаҳонӣ барои харидорӣ ва таҳвили ваксина ба Тоҷикистон 25 миллион доллар медиҳад.
Созишномаи гранти миёни Тоҷикистону ин ниҳоди молии байналмилалиро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ Озан Сүйим дар Душанбе имзо кардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати молияи Тоҷикистон, гранти мазкур маблағгузории сеюми иловагӣ барои лоиҳаи вокуниш ба COVID-19 дар Тоҷикистон мебошад.
Мавриди зикр аст, ки ин тарҳ аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ тайи ду сол аст, ки амалӣ мешавад. Ҳадаф аз он вокуниш ба пандемия ва дастгирии бахши тандурустӣ аст.
Медицинский сотрудник держит в руках шприц с вакциной от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомот: Беш аз 90%-и тоҷикистониҳо ваксина гирифтаанд
Тибқи иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, "маблағи ҷудошуда ба се бахш, тақвияти иқтидор дар соҳаи эҳёву табобати интенсивӣ ва пешгирии коронавирус (24,26 млн. доллар), банақшагирии бисёрсоҳавии чораҳои эътино ва таъмини омодагии ҷомеа (0,16 млн. доллар), амалисозӣ ва мониторинги лоиҳа (0,58 млн. доллар) ҷудо мешавад".
Бар асоси охирин додаҳои мақомот, ҳудуди 91 дарсади аҳолии калонсоли Тоҷикистон вояи якуми ваксина алайҳи коронавирусро гирифтаанд, ки ин ба 5 млн. 920 ҳазор нафар баробар аст.
"Вояи дуюми ваксинаро аллакай 4 млну 614 ҳазор нафар ё худ 82,4%-и аҳолии калонсол ва вояи сеюмро 619 ҳазор нафар, муодили 11,1% гирифтаанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, феълан ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0