Бардарзодаи Назарбоев барои ду моҳ боздошт шуд

© Sputnik / Болат ШайхиновПлемянника Назарбаева арестовали в Казахстане
Племянника Назарбаева арестовали в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Дар ҳоле ки тафтишот идома дорад, Қайрат Сотиболдиулӣ дар боздоштгоҳ хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Додгоҳ бародарзодаи раисҷумҳури нахустини Қазоқистонро барои ду моҳ боздошт кард. Дар ин бора Додгоҳи махсуси тафтишотии байни ноҳияҳои Нурсултон хабар додааст.
Хадамоти матбуотии ин ниҳод афзуд, дигар маълумоти тафтишоти пешакӣ ифшо намешавад.
Қайрат Сотиболдиулӣ рӯзи якшанбе, ҳангоми кӯшиш ба тарки кишвар кардан, ки мехост, ба Дубай парвоз кунад, боздошт шуд.
Ин мард дар сӯистифода аз ваколат ва тасарруфи маблағҳои ҶСК "Казақтелеком" ба миқдори калон гумонбар мешавад.
Поёни қудрати элбасӣ: Назарбоева аз "январи сиёҳ" гуфту эълони тарки порлумон кард
Мақомоти интизомӣ даст доштани хеши Назарбоевро дар ҷиноятҳои дигар низ тафтиш мекунанд.
Муфаттишон маблағи дақиқро ифшо намекунанд, вале қайд мекунанд, ки "маблағҳо миллиардҳо мебошанд".
В КНБ показали чемоданы с деньгами в доме Масимова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Миллионҳо доллар, тило ва мошинҳои гаронбаҳо - кашфи амволи раиси собиқи КАМ Қазоқистон
Соҳибкори боздоштшуда, писари бародари хурдии президенти собиқи ин ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев Сотиболдӣ Назарбоев аст.
Ӯ аз рӯи навиштаи маҷаллаи "Forbes Kazakhstan" ба феҳристи бонуфузтарин тоҷирони ин кишвар ворид шудааст.
Сарвати Сотиболдиулӣ 163 миллион доллар арзёбӣ мешавад. Қайрат Сотиболдиулӣ шарики идоракунандаи "Alatau Capital Invest" мебошад.
Изҳои Назарбоевро мерӯбанд: ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон низ тағйири ном мекунад
Тибқи иттилои расонаҳо, ӯ тавассути як ширкати офшорӣ саҳмияҳои ҶСК "Казақтелеком"-ро дар ихтиёр дорад.
Вай дар давраҳои мухталиф муовини раиси шаҳри Остона, муовини аввали раиси КТЖ, котиби Ҳизби “Нур Отан” буд. Қайрат Сотиболдиулӣ низ дар вазифаҳои баландпояи Кумитаи амнияти миллии ин кишвар низ кор мекард.
Лентаи хабарҳо
0