Дар роҳҳои ВМКБ сангрезӣ шуду дар Хатлону Суғд обхезӣ: хисороти боронгариҳо дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевЗатопленная проезжая часть после ливня в Душанбе
Затопленная проезжая часть после ливня в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
КҲФ мегӯяд, хатари фаромадани селу тарма ва ба амал омадани сангрезӣ дар роҳҳои кӯҳӣ ҳамоно боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Боронгариҳои шадид дар 24 - соати ахир дар пай хисороти зиёде доштаанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.
Ба иттилои манбаъ, бар асари боронгариҳои шадид дар баъзе минтақаҳо селу тармафароӣ шуд ва дар роҳҳои ВМКБ сангрезӣ ба амал омад.
Ҳамин тариқ бар асари боришоти зиёд дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд 18 хоҷагӣ ва ду бинои истиқоматӣ зери об монд.
Илова бар ин об ҳавлии бинои муассисаи таҳсилоти миёна ва ҳудуди 70 гектар замини кишоварзиро фаро гирифт.
Подтопления в Ялте после ливней - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
КҲФ: Борони шадид баъзе аз қисматҳои Тоҷикистонро зери об монд
Ҳамчунин боришоти шадид дар вилояти Хатлон низ харобиҳои зиёд ба бор овард. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришот боиси фаромадани селу тарма гардид. Аз ҷумла дар ҳудуди деҳаи Дараи Нӯшори ҷамоати деҳоти Нӯшори ноҳияи Тоҷикобод ду бор фаромадани тарма ба сабт шудааст. Бар асари фаромадани тарма хатҳои интиқоли оби ошомиданӣ ва каналҳои обёрии ҷамоатҳои деҳоти Нӯшор ва Зарафшон қисман хароб шудаанд.
Илова бар ин бар асари боришоти шадид дар роҳҳои Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Рошқалъа, Кӯлоб - Дарвоз - Хоруғ ва Ванҷ - Рӯшон - Хоруғ шаш тарма ва як сангрезӣ сабт гардидааст.
Манбаъ меафзояд, бар асари боронгариҳо, хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ба қадри имкон аз сайру гашт дар минтақаҳои хатарнок, анҷом додани корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии гиёҳҳо худдорӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0