Ду муштзани тоҷик дар Қаҳрамонии Осиё барандаи медали нуқра шуданд

Бокс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Тими Тоҷикистон дар Қаҳрамонии Осиё миёни наврасону ҷавонон дар Урдун соҳиби 8 медал, аз ҷумла 2 нуқра шуд
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Абдураҳим Ёқубов, муштзани тоҷик дар Қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон барандаи медали нуқра шуд.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Ёқубов дар вазни то 60 кило дар даври ниҳоӣ аз рақиби қирғизаш Алмаз Орозбеков шикаст хӯрд. Доварон натиҷаи ин зӯрозмоиро 2:3 ба фоидаи муштзани қирғиз баҳогузорӣ карданд.
Муштзани тоҷик то расидан ба финал ҳарифонаш аз Таиланд Паочанзуек Фисӣ, Ҳиндустон - Рудра Пратап Сингҳ, Ӯзбекистон - Суҳроб Аминовро шикаст дода буд.
Дар зӯрозмоиҳои миёни ҷавонон инчунин 3 намояндаи дигари Тоҷикистон - Юсуф Фозилов дар вазни то 71кг, Нурланбек Эрматов дар вазни то 75кг ва Акмалҷон Абдувалиев дар вазни то 86кг соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.
Тренировка паралимпийской сборной России по керлингу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи паралимпиҳо дар Русия иштирок мекунад
Дар мавриди натиҷаи зӯрозмоиҳо миёни наврасон Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод, ки 4 медал ба даст оварда шуд.
Аз ҷумла Анӯшервон Фозилов (-46кг) медали нуқра, Ҳангома Исоева (-57кг), Руслан Ғафуров (-57кг), Рустамҷон Ашӯров (-60кг) медали биринҷӣ гирифтаанд.
Қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Уммони кишвари Урдун баргузор шуда, дар маҷмуъ намояндагони 21 давлати қора дар он зӯрозмоӣ кардаанд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 21 варзишгар, аз ҷумла 11 нафар дар миёни ҷавонон ва 10 нафар дар миёни наврасон намояндагӣ намуданд. Дар маҷмуъ варзишгарони тоҷик аз ин қаҳрамонӣ бо 8 медал - 2 нуқра ва 6 биринҷӣ ба Ватан бармегарданд.
Лентаи хабарҳо
0