Нигоҳ аз Киев: Украина ниёз ба нозизудоӣ дорад

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузаштан ба хазинаи аксУкраинские военные обстреляли Донецк
Украинские военные обстреляли Донецк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар авохири ҳафтаи сеюми амалиёти вижаи низомии Русия ба манзури ғайринизомисозӣ ва безараргардонии Украина Киев бо зарбаҳо ошно шуд
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik, Николай Шевченко. Бале, пеш аз ин ҳамлаҳои мушакҳои болдори Русия ба фурудгоҳҳои Киев, манораи телевизионӣ ва атрофи он сурат гирифтанд. Оре, дар навоҳии шимолӣ ва шимолу ғарбӣ ҷангҳои ҳақиқӣ ва хеле ҷиддӣ буданд. Аммо ҳамаи ин аз биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳои Киев дур буданд. Дуруст аст, ки ду бинои истиқоматии ҳаробшуда ҳаст, аммо ҳар ду аз амалҳои падофанди маҳаллӣ хароб шуданд.
Субҳи 14 март се "Калибр" коргоҳи ҳавоии Антоновро ҳадаф қарор доданд. Баъдтар Вазорати дифои Русия аз тахрибианбори лавозимоти ҷангие дар ин корхона хабар дод, аммо пароканда шудани ин лавозимоти ҷангӣ мушоҳида нашудааст, аз ин рӯ ин далеле нест, ки онҳо задаанд. Инчунин на ин ки онҳо он ҷоеро, ки эълон шуда буд, ҳадаф гирифта буданд. Тақрибан дар ҳамин вақт ба як бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Богатирская 20, дар шимоли шаҳр чизе бархӯрд.
Уничтоженная военная техника ВСУ в частном секторе Волновахи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2022
Конашенков: Русия 3700 зерсохти низомиро дар Украина тахриб кард
Хадамоти давлатии изтирории Украина эълом кард, ки тири тӯпхона ба хона бархӯрда ва ду нафар кушта шудаанд. Дере нагузашта қувваҳои мудофиаи ҳавоии Киев дар болои ноҳияиКуреневка чизеро зада галтонданд. Эҳтимол аст, ки як чизи хурд буда, аммо як чанд хонаи истиқоматӣ дар биное, ки дар наздикии он рӯй дод, сӯхтааст.
Ин зарба худ аз худ, бешубҳа, ба авҷ гирифтани низоъ ва чораҳои ҷиддии ҷавобии Русия мусоидат мекард. Дар заминаи афзоиши интиқоли силоҳи Ғарб ба Украина сарусадоҳо дар бораи омадани кормандони ширкатҳои хусусии низомии ғарбӣ, ки аз ҷониби олигархҳои украинӣ ва пеш аз ҳама Ринат Ахметов маблағгузорӣ мешаванд, ба Одесса омадани чунин як фашисти либерали классик ва одамхӯри ошкоро ҳамчун Бернард-Анри Леви ногузир буд.
Воқеан, Вазорати дифои Русия шоми ҳамон рӯз аз ҳамлаи шабона ба анборҳо ва корхонаҳои маҷмаи низомии саноатии Украина хабар дод. Аллакай бегоҳӣ дар коргоҳи "Импулс" дар Шостка мавриди ҳамла қарор гирифт. То субҳ дар бораи ҳамлаҳо ба бисёре аз корхонаҳои дифоӣ иттилоъ дода шуд. Ва агар дар Киев, Одесса ва Днепропетровск, ки дар он ҷо кисми зиёди мудофиаи хавоии бокимондаи Украина мутамаркиз шудааст, имкони задани як қисми мушакҳо мавҷуд бошад, пас дар дигар ҷойҳо зарбаҳо тирандозӣ дар амокини махсуси бозии тир монанд мешаванд.
Марш националистов в честь Дня защитника Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Аврупо аз нозизудоӣ метарсад
Кӯшишҳо барои ёдоварӣ кардани он ки Донбасс дар хатти фронт дар тӯли ҳашт сол тирборони гуногунро аз сар гузаронида буд, ҳеҷ ҷое намерасад. Зеро дар он тарафи хатти тамос ҷинояткорон (сепаратистҳо, террористон, зархаридони рус) ҳастанд. Таблиғот ин маълумотро дар сари онҳо ҷойгир кард. Нишондиҳандаи он, ки ғайринизомиён ва кӯдакон тақрибан танҳо дар ҶХД ва ҶХЛ кушта шудаанд, умуман ба беэътиноӣ ва радкунии комил дучор меояд - онҳо мегӯянд, ки ин нақлҳои Кремл мебошанд.
Дар бораи он сухан рондан умуман бефоида аст, ки маҳз ҳукуматдорони Киев дар давоми ҳафт сол иҷрои уҳдадориҳои "Минск-2"-ро сарфи назар карданд. Созишномаҳо аз ҷиҳати ҳаҷм хурд ҳастанд, аммо 99,9% шаҳрвандони Украина онҳоро нахондаанд. Ва аз ин рӯ дар мавриди созишномаи ассотсиатсия ҳама боварӣ доштанд, ки онҳо мисли Аврупо зиндагӣ хоҳанд кард ва “Минск-2”, аввалан, аз ҷониби Маскав иҷро карда намешавад ва дуюм, барои Украина бад аст”, - гуфта буд телевизион. Бесабаб нест, назарсанҷиҳои ахир нишон доданд, ки 60-70% мардум ҷонибдори аз нав дида баромадани “Минск-2” бо шартҳои Киев ҳастанд. Чаро? Танҳо барои он ки телевизион чунин гуфтааст.
Бисёре аз ҷомеа дар бораи лабораторияҳои биологии Амрико дар Украина, дар бораи рушди Украина аз ҷониби Ғарб ба маънои ҳарбӣ, дар бораи назорати беруна, ҳатто дар бораи он ки Русия мустақиман дар доктринаи низомии Украина душмани ягона номида мешавад, медонанд, бисёриҳо медонанд, вале бо камоли бовар ин корро кори дохилӣ мешуморанд. Нофаҳмӣ низ боиси рисолаи нозизудоӣ мегардад. Албатта, аз панҷ то даҳ дарсади аҳолӣ дар Украина комилан нозӣ ҳастанд.
Канцлер ФРГ Олаф Шольц на пресс-конференции  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Иқрори Шолтс: Оқибатҳои таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия дар ҳама ҷо эҳсос мешавад
Гузашта аз ин нозигароии ҷадиди маҳаллӣ ду ҷараён дорад: "пок" - ба Харков асос ёфтааст ва миллатгароии бандерӣ дар Украинаи Ғарбӣ. Тарафдорони нозигароии ҷадид дар саросари кишвар 15-20 дарсаданд. Аммо дар ниҳоят ин хеле зиёд аст - дар Рейхи сеюм, дар ниҳоят, на ҳама узви СС ё ҲМКСО буданд. Гузашта аз ин шумори ҳаводорони мустақим ва ғайримустақими миллатгароии ҷадид дар Украина дар солҳои охир пайваста афзоиш ёфтааст.
Аммо аз ин ҳам бадтар он аст, ки ин 15-20% амали давлатро муайян мекунанд мекунанд. Маҳз дар сатҳи давлатӣ ситоиши ҳамкорони сершумори фашистӣ, аз ҷумла онҳое, ки дастонашон то оринҷ дар хун аст, сурат мегирифт. Дар сатҳи давлатӣ қонун дар бораи халқҳои таҳҷоӣ қабул карда шуд, барномаи фарҳангӣ ва маърифатӣ пешбарӣ карда шуд, ки тамоми аломатҳои миллатгароии ҷадидро дошт. Дар бораи афзудани танг кардани мавқеи забони русӣ ва маданияти рус сухан рондан лозим нест.
Дар бораи ваҳшигариҳои гуногун ва беҳуқуқии ҳукуматдорон — аз кушторхои сершумори беҷазои мухолифон ё сӯхтани даҳҳо нафар аз одамон дар Хонаи иттифоқҳои касабаи Одесса cap карда, то фаъолияти зиндонҳои пинҳонӣ ва отрядҳои ҳарбии тарафдорони миллатгароӣ чӣ гуфтан мумкин аст? Мутаассифона, ҷомеаи Украина аксаран дар ин ҳама даҳшатро мушоҳида намекунад.
Ба ибораи дигар дар тӯли ҳашт соли охир, яъне аз соли 2014 ҷомеаи Украина воқеан хеле тағйир ёфтааст, аммо на ба шеваи беҳтар. Ва тасаввур кардан душвор аст баргардонидани ин ҳама ба қафо. Зимнан мехоҳам бовар кунам, ки роҳбарияти Русия дарк ва нақшае дорад, ки чӣ тавр ин корро анҷом диҳад.
Лентаи хабарҳо
0