Номзад ба президентии Фаронса мехоҳад ба Путин монанд бошад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Азербайджана И. Алиевым
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Азербайджана И. Алиевым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Номзад ба мақоми президентии Фаронса Земмур мегӯяд, Путин тавонист Русияро ба як қудрати бузург табдил диҳад
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Эрик Земмур, номзад ба курсии президентии Фаронса фаҳмонд, ки чаро Владимир Путинро дӯст медорад. Суханони ӯро рӯзномаи "Le Figaro" иқтибос овардааст.

"Пас аз фурӯпошии ИҶШС Путин, ки ватандӯсти кишвараш буд, тавонист Русияро ба як қудрати бузург табдил диҳад. Аз ин рӯ ман, ки ватандӯсти Фаронса ҳастам, мехоҳам манофеи шаҳрвандони худро ҳифз кунам", - шарҳ дод ӯ.

Сиёсатмадор ҳамчунин муътақид аст, ки русҳо ба далели шароити таърихӣ ҳамеша "сахт" буданд.
Ӯ гуфт, русҳо омода буданд, ки пойтахти худро сӯзонанду дар назди артиши Наполеон сари таъзим фуруд наоранд.
"Ман ба табиати халқҳо бовар дорам", - илова намуд Земмур.
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти вижаи низомиро барои безарарсозии Украина оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Зеленский иқрор шуд, ки Украина ба НАТО ворид нахоҳад шуд
Ба гуфтаи Вазорати дифоъ, артиш танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои ҳарбии Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд.
Дар ҷануби Украина артиши Русия вилоятҳои Херсон, Мелитопол, Бердянскро зери назорат гирифта, Мариуполро муҳосира карданд, ҳоло дар канори шаҳр ҷангҳо идома доранд.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0