Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Патрушев гуфт, далели қасди Киев барои ҳамла ба Донбассу Қрим ёфт шуд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксСекретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев, архивное фото
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дабири Шӯрои амнияти Русия мегӯяд, далели омодагии Киев барои ҳамла ба Донбасс ва Қрим мавҷуд аст
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи омодагии Киев барои ҳамла ба Донетску Луганск ва Қрим мавҷуданд, изҳор дошт дабири кулли Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев.
Ӯ ин нуктаро зимни ҷаласае дар шаҳри Грозний дар мавриди таъмини амнияти миллӣ дар ҳавзаи федералии Қафқози Шимолӣ баён кард.

"Зимни амалиёти вижаи низомӣ асноди тасдиқкунандае ёфт шуданд, ки Киев барои ҳамла ба ҷумҳуриҳои Донетску Луганск ва Қрими Русия дар моҳи март омодагӣ медид", - изҳор кардааст дабири кул.

Вазорати мудофиаи Русия қаблан изҳор карда буд, санадҳои махфиеро ба даст овардааст, ки дар он нақшаи Гвардияи миллии Украина барои анҷоми амалиёти низомӣ дар Донбасс инъикос ёфтааст.
Генерал Игор Конашенков, намояндаи Вазорати мудофиаи Русия гуфт, ҳуҷҷатҳои бадастовардашуда дурӯғ будани изҳороти қаблии мақомоти Украина дар бораи ҳалли қазияи Донетск ва Луганск аз тариқи музокиротро собит менамоянд. Ба гуфтаи Конешенков, дар ҳуҷҷатҳои дарёфтшуда аз тарафи Русия имзои фармондеҳи Гвардияи миллии Украина, генерал-полковник Николай Балан аз 22 январи соли 2022 гузошта шудааст.
Президент РФ В. Путин провел заседание Совбеза РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров гуфт, Маскав ҷанги ҳаштсолаи Киевро хотима медиҳад
Мақомоти Русия мегӯянд, амалиёти низомӣ дар Украина, ки 24 феврал оғоз шуда, то ҳол идома дорад, аз иҷрои ин нақшаи Киев ҷилавгирӣ намуд.
Дар ҳамин ҳол Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия иттилоъ додааст, ки аз рӯи ҳолати омодагии мақомоти низомии Украина барои ҳамла ба Донбасс парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0