Писар ба ҷойи падар: президенти нави Туркманистон эълон шуд

Сердар Бердымухаммедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Туркманистон исми президенти нави ин кишварро эълон карданд
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Писари раисҷумҳури феълии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Сардор Бердимуҳаммадов раисҷумҳури нави ин кишвар интихоб шуд.
Ӯ бо дарёфти 72,97% овозҳо дар интихоботи ғайринавбатии Туркманистон ба ин мақом расид.

"Муовини раиси Девони Вазирони Туркманистон Сардар Қурбонгулевич Бердимуҳаммадов 72,97% ороъро касб кард", - хабар медиҳад Кумитаи маркази интихоботи ин кишвар.

Овоздиҳӣ дар интихоботи пеш аз муҳлати раёсатҷумҳурӣ дар Туркманистон рӯзи 12 март баргузор шуд.
Председатель комитета по законодательству и его нормам Туркменистана Сердар Бердымухамедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Писари Бердимуҳаммадов гуфт, агар президент шавад, сиёсати падарашро давом медиҳад
Барои курсии олии давлатии Туркманистон 9 номзад, ки аз ҷониби се ҳизби сиёсӣ ва гурӯҳҳои ташаббускори шаҳрвандон мубориза бурданд.
Тибқи Кодекси интихоботи ин кишвар, Комиссияи марказии интихоботӣ на дертар аз рӯзи ҳафтуми баъди интихобот натиҷаҳои онҳоро ҷамъбаст намуда, протокол тартиб медиҳад ва натиҷаи интихоботро эълон мекунад.
Сардор Бердимуҳаммадов, аз ҷониби Ҳизби демократӣ, ки дар қудрат аст, ба курсии президентӣ пешбарӣ гардид.
Ӯ қаблан гуфта буд, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот сиёсати падарашро давом медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0