Путин бо Бердимуҳаммадови хурдӣ суҳбати телефонӣ анҷом медиҳад

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин во время телефонного разговора
Президент РФ Владимир Путин во время телефонного разговора - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Президенти Русия рӯзи сешанбе бо раисҷумҳури Туркманистон гуфтугӯ мекунад
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Владимир Путин қасд дорад, рӯзи сешанбе бо Сардор Бердимуҳаммадов, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии Туркманистон пирӯз шуд, телефонӣ суҳбат кунад, гуфт сухангӯи раҳбари Русия Дмитрий Песков ба хабарнигорон.
Овоздиҳӣ дар интихоботи пеш аз муҳлати раёсатҷумҳурӣ дар Туркманистон рӯзи 12 март баргузор шуд.
Писари раисиҷумҳури феълии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Сардор Бердимуҳаммадов бо дарёфти 72,97% овозҳо пирӯзӣ ба даст овард.
"[Суҳбати телефонӣ] ба нақша гирифта шудааст. ... Имрӯз бо Туркманистон суҳбат мешавад. Мо интизорем", - гуфт Песков.
Сердар Бердымухамедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Полковнику муҳандис ва ҷавонтарин президент дар ИДМ: ҳолномаи Сардор Бердимуҳаммадов
Ба саволи иловагӣ дар бораи он ки оё Путин Бердимуҳаммадовро ба Русия даъват карданист, Песков посух дод, ки Кремл дар бораи натиҷаҳои гуфтугӯи телефонӣ хабар медиҳад.
Сардор Бердимуҳаммадов ҳамакнун президенти сеюм дар таърихи Туркманистон аст.
Ӯ дар арафаи интихобот гуфта буд, ки агар пирӯз шавад, сиёсати берунии бетарафии мамлакаташонро давом медиҳад.
Бердимуҳаммадов таъкид кард, ки густариши муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамсоягӣ яке аз пояҳои сиёсати хориҷии ин кишвар аст.
Лентаи хабарҳо
0