Русия метавонад барои издивоҷи тақаллубӣ бо муҳоҷирон ҷавобгарии ҷиноӣ ҷорӣ кунад

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузаштан ба хазинаи аксРегистрация браков в необычных местах в День всех влюбленных
Регистрация браков в необычных местах в День всех влюбленных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Издивоҷи сохтаи хориҷиён бо шаҳрвандони Русия аз мушкилоти асосӣ дар бахши муҳоҷират арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар Русия роҳандозии ҷавобгарии ҷиноӣ барои издивоҷ тақаллубӣ ё ба истилоҳ "фиктивний" дар ҳоли баррасӣ аст.
Ба иттилои ТАСС, ин пешниҳод дар Вазорати умури дохилии Русия дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Таъкид шудааст, ки ҳадафи ин иқдом ҷилавгирӣ аз даст задани хориҷиён ба никоҳу фарзандхонии сохтакорона мебошад. Мақомот мегӯянд, ин иқдомот бо ҳадафи қонунӣ кардани ҳузур дар Русия аз ҷониби хорҷиён амалӣ мешаванд.
Манбаъ афзуд, ки дар баробари никоҳҳо инчунин фарзандхонии сохтакорона низ яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ дар бахши муҳоҷират боқӣ мемонад.
Дар зимн илова шудааст, ки мақомоти умури дохилӣ барои ошкор кардани равандҳои ғайриқонунӣ дар муҳоҷират аз таҳлили вазъи соҳаю ҳолати криминогенӣ кор мебаранд.
Молодые люди сидят на лавочке в парке Рудаки в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2022
Фавту таваллуд кам, аммо талоқ зиёд шудааст: омори соли 2021
Инчунин кормандони пулис аз тариқи шабакаи интернет низ пешниҳодҳо барои қонунӣ кардани ҳузури муҳоҷирон дар Русияро меомӯзаду ҳолатҳои қонуншиканиро ошкор мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки бар асоси қонунгузории Русия, шаҳрвандӣ барои хориҷиён дар сурати ҷой доштани издивоҷ бо шаҳрванди кишвари мизбон аз тариқи низоми сода таҳия мегардад. Бар асоси ин меъёр, зан ва шавҳар бояд ҳадди ақал 3 сол дар ақди никоҳи ҳамдигарӣ бошанд. Доштани фарзанди муштарак раванди касби шаҳрвандиро ба маротиб кӯтоҳ мекунад.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори худу хонаводаашон ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва бар асоси омори нашршуда ҳар сол даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандии кишвари мизбонро қабул мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0