Сӯхтори боми як бинои истиқоматӣ дар Хуҷанд

© PixabayПожар в городе
Пожар в городе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Омилҳои сар задани сӯхтор муайян нест ва ҳоло комиссияи вижа барои дақиқ кардани он кор мекунад
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Боми бинои истиқоматии рақами 10-и маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд дучори оташсӯзӣ шудааст.
Аз идораи сӯхторнишонии шаҳр ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, дар натиҷаи сӯхтор 350 метри мураббаъ боми бино хокистар шудааст.
"Сӯхтор тақрибан соатҳои 13:50 рух додааст. Бо баробари ворид шудани занги хатар 10 мошин ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуд",- афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, сӯхторнишонҳо тавонистаанд, алангаро дар давоми на бештар аз як соат хомӯш кунанд.
"Ин бино навсохт буда, одамони дохили он баробари сӯхтор онро тарк кардаанд. Хушбахтона, ягон кас зарар надидааст",- гуфт манбаъ.
Дар ҳоли ҳозир гурӯҳи вижае барои маълум кардани сабабҳои сӯхтор кор мебаранд.
Ин ниҳод мегӯяд, сӯхтори навбатӣ 92-юмин ҳолати оташсӯзӣ дар соли ҷорӣ дар вилояти Суғд аст.
Пожарные рукава, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Сӯхтори навбатӣ дар Хуҷанд: меҳмонхонаи "Парламент" сӯхт - видео
Ёдовар мешавем, сӯхтори қабл аз ахирӣ дар меҳмонхонаи "Парламент"-и Хуҷанд сабт шуда буд.
Тибқи иттилои мақомот, қаҳвахонаи ин меҳмонхона оташ гирифт, аммо зуд хомӯш карда шуд ва касе дар пайи он зарар надидааст.
Қабл аз он қаҳвахонаи машҳури "Баҳор" низ дар маркази ин шаҳр оташ гирифта буд.
Лентаи хабарҳо
0