Чаро "Уралские авиалинии" ҷадвали парвоз ба Тоҷикистонро тағйир дод?

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузаштан ба хазинаи аксСамолет авиакомпании "Уральские авиалинии", архивное фото
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ширкати ҳавонавардии Русия бархе аз парвозҳо ба Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба таъхир андохтааст
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Ширкати "Уралские авиалинии" ҷадвали парвоз аз Русия ба шаҳрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро тағйир додааст. Дар ин бора дар онлайн-тоблуҳои фурудгоҳҳо хабар дода шудааст.
"Уралские авиалинии" дар ин масир парвозҳояшро ба таъхир андохтааст ё умуман лағв кардааст.
Аз ҷумла зикр шудааст, ки парвози Екатеринбург - Хуҷанд барои 14 соат ба таъхир андохта шуд. Далелаш гузаштани ҳавопаймо ба феҳрасти давлатии ҳавопаймоҳои мулкии Русия мебошад, тавзеҳ дод додситонии нақлиёти кишвар.
Дафтари матбуотии "Уралские авиалинии" тавзеҳ додааст, ки дар ҳоли ҳозир мувофиқаи парвозҳо бо мақомоти ҳавонавардии Русия ҷараён дорад.
"Вақти парвоз ба Тоҷикистон ба ҳамин далел ба таъхир андохта шуд", - гуфт намояндаи ширкати ҳавонавардӣ.
Инчунин рӯзи 14 март ширкати мазкур парвозҳо аз Санкт-Петербург ва Маскав ба шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистонро лағв кард. Парвозҳое, ки барои 15 март ба шаҳрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон таъйин шуда буданд, лағв гардидаанд ё ба таъхир андохта шуданд.
Маврид ба зикр аст, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия 14 март қонунеро имзо кард, ширкатҳои ҳавопаймоиро ҳақ медиҳад, ҳавопаймоҳоеро, ки аз тариқи лизинг гирифтаанд ва истифода менамоянд, моли худ гардонанд. Ин имкон медиҳад, ки ҳавопаймоҳо дар масирҳои дохилӣ истифода бурда шаванд.
Пассажирский самолет в небе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Парвози мустақим аз Русия ба 15 кишвар боқӣ мондааст: Тоҷикистон дар феҳраст аст
Иқдоми мазкур дар посух ба таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия гирифта шудааст.
Таҳримоте, ки алайҳи Русия дар пайи оғози амалиёти низомӣ дар Украина эълон шуданд, бахши молӣ, энержӣ, нақлиёт, технология ва раводидро фаро гирифтааст. Интиқоли қисмҳои эҳтиётӣ барои ҳавопаймоҳои мулкии Русия, хидматрасонӣ ва суғуртаи онҳо низ мамнуъ гардид.
Дар маҷмуъ дар Русия аз 1 ҳазору 367 ҳавопаймо истифода мешавад, ки 739 ададашон дар феҳрастҳои хориҷӣ сабт шудаанд. Ширкати машваратии IBA мегӯяд, дар ҷазираҳои Бермуд 745 ҳавопаймои ширкатҳои ҳавонавардии Русия сабт шудааст.
"Уралские авиалинии" ба панҷгонаи ширкатҳои пешсафи бахши мусофирбарӣ дохил мебошад, ки 53 "Airbus" дорад ва онҳо аз тариқи лизинг истифода мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0