Ҳушдори СММ дар бораи буҳрони гуруснагӣ дар Афғонистон

© REUTERS / Zohra BensemraДети играют возле своего дома в Кабуле
Дети играют возле своего дома в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Як мақоми Созмони милали Муттаҳид ҳушдор додааст, ки мардуми Афғонистон бо як буҳрони ноамнии ғизоӣ ва сӯитағзияи ғайри қобили васф рӯ ба рӯ ҳастанд
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Ромиз Алкабров, ҳамоҳангкунандаи кумакҳои башардӯстонаи СММ дар Афғонистон ва фиристодаи вижаи ин ниҳод, ахиран бо нашри баёнияе гуфтааст, ки гуруснагии шадид дар ин кишвар аз 14 миллион нафар дар моҳи январ ба 23 миллион нафар дар моҳи март афзоиш ёфтааст ва хонаводаҳоро маҷбур мекунад, ки барои гузоштани ғизо рӯи миз ба “иқдомҳои ноумедкунанда" мутавассил шаванд.
Алкабров афзуд, 95 дарсади афғонҳо ба қадри кофӣ ғизо намехӯранд, ки ин рақам барои занони сарпарасти хонаводаҳо ба 100 дарсад мерасад.
"Рақам он қадар баланд аст, ки тақрибан тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо ин ҳол, ба тарзи вайронигарӣ ин воқеияти талх аст", - гуфт ӯ.
Муовини дафтари ҳайати Созмони Милали Муттаҳид дар ин баёния тасвире аз бахшҳои шифохонаӣ пур аз кӯдаконеро тарсим кардааст, ки дорои сӯитағзия буданд.
Коллаж из фотографий одной локации до и после прихода к власти Талибана* в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Эрон вогузории сафорати Афғонистон дар Теҳрон ба толибонро рад кард
Аксари онҳо дар як солагии вазни як навзоди шаш моҳа дар як кишвар тавсиаёфтаро доштанд ва бархе аз он “он қадар заиф буданд, қодир ба ҳаракат нестанд”.
Вай ҳамчунин гуфт, ки мизони камғизоии шадид аз 38 вилоят дар 28 вилояти ин кишвар болотар аст ва беш аз 3,5 миллион кӯдак ба кумакҳои ғизоӣ ниёз доранд.
Лентаи хабарҳо
0