Ҷашни асосии Наврӯз имсол дар Хатлон мегузарад

© Sputnik / Амир ИсаевСимвол Навруза - суманак
Символ Навруза - суманак  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Эҳтимол Наврузӣ байналмилалии имсола дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор шавад
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Ҷашни асосии Наврӯз имсол дар вилояти Хатлон сурат мегирад, менависад "Pressa.tj".
Ба гузориши манбаъ, макони баргузории ин ид шаҳраки наве дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хоҳад шуд. Ҳанӯз панҷ сол қабл бо саҳми соҳибкорон дар ин ноҳияи бунёди шаҳраки нав ва варзишгоҳи бузург оғоз шуда буд.
Гуфта мешавад, барои бунёди ин шаҳрак 200 миллион сомонӣ масраф гардидааст ва ҳамакнун маросими ифтитоҳи шаҳраки нав дар рӯзи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ сурат мегирад.
Таджикские девушки танцуют на сцене - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Душанбе дар интизори Наврӯз: шаҳрдорӣ замон ва макони барномаҳои ҷашниро эълон кард
Қайд мегардад, ки бунёди чунин шаҳрак дар вилояти Хатлон собиқа надорад. Варзишгоҳе, ки дар ноҳияи Мазкур сохта шуд, имкони ҷо додани 15 ҳазор тамошобинро дорад.
Манбаъ меафзояд, рӯзи 21-уми март Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ баргузор мешавад.
Аммо ин манбаъ нагуфтааст, ки дар ин ҷашн худи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ширкат меварзад ё на.
Қаблан шаҳрдорӣ хабар дода буд, ки аз 21 то 24 марти соли равон дар шаҳри Душанбе барномаҳои идонаи наврӯзӣ баргузор мешаванд.
Тоҷикистониён имсол дар Наврӯз панҷ рӯз истироҳат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0