Ҷойҳои холии корӣ дар сохтмонҳои Маскав 2 баробар афзоиш ёфтаанд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкСтроительство транспортно-пересадочного узла
Строительство транспортно-пересадочного узла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Обуна шудан
Теъдоди эълонҳо барои қабули кормандон дар бахши сохтмон дар минтақаи Маскав босуръат майли зиёдшавӣ дорад
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Шумори ҷойҳои холии корӣ дар сохтмонҳои Маскав тайи як моҳ 2 баробар зиёд шудааст, хабар дод дафтари матбуотии пойгоҳи онлайнии "HeadHunter".

"Дар оғози моҳи март теъдоди эълонҳои ҷойҳои холии корӣ дар шаҳр ва вилояти Маскав дар маҷмуъ 8,1 ҳазор ададро ташкил дод. Дар ҳоле ки аввали моҳи феврал ин нишондод ба 4,2 ҳазор баробар буд", - овардааст РИА "Новости" аз қавли пойгоҳ.

Манбаъ таъкид намудааст, ки аз ҳама зиёд теъдоди ҷойҳои корие афзоиш ёфтааст, ки ширкатҳои сохтмонӣ ба риелтор ва агентҳо пешниҳод мекунанд. Шумораи чунин эълонҳо барои қабули кормандон 4 баробар дар як моҳ зиёд шудааст.
Беш аз 47% аз маҷмуи умумии ҷойҳои холии корӣ дар сохтмонанд. Ҳудуди 24%-и эълонҳо барои қабули риелтору агентҳо, қисмати боқимонда барои кадрҳои роҳбарикунанда ва ҳайати корӣ пешбинӣ шудаанд.
Рабочий на строительной площадке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Беш аз чаҳор ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба кори доимӣ таъмин шуданд
Дар ҳамин ҳол пойгоҳи дигари машғул ба ҷалби кормандон - Superjob эълон кардааст, ки дар ояндаи наздик ба бахши сохтмон метавонанд кормандон аз соҳаҳое гузаранд, ки аз буҳрон зарар дидаанд.
Ин дар ҳолест, ки аз Тоҷикистон низ ҳамасола садҳо ҳазор нафар барои таъмини рӯзгори худу хонаводаашон ба Русия меоянд ва қисмати зиёди онҳо дар бахши сохтмон кор мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0