Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Наришкин: Русия ақибнишинӣ намекунад, тақдираш ҳал шуда истодааст

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксСпикер Государственной думы РФ Сергей Нарышкин.
Спикер Государственной думы РФ Сергей Нарышкин. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Роҳбари Хадамоти истихбороти хориҷии Русия мегӯяд, ин кишвар аз иқдоми пешгирифтааш ба ақиб барнамегардад
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Русия ҳич гоҳ дар масоили таъмини амнияту истиқлол ақибнишинӣ намекунад, изҳор дошт роҳбари Хадамоти истихбороти хориҷии ин кишвар Сергей Наришкин.
Ӯ таъкид намуд, ки феълан Русия марҳилаи таърихиро паси сар карда истодааст, ки тақдири кишвар ҳал шуда истодааст.
"Сарнавишти Русия ҳал шуда истодааст, сарнавишти мақоми ояндааш дар ҷаҳон", - гуфт Наришкин зимни ҳамоиши Шӯрои коршиносон дар Вазорати маориф.
Вай афзуд, ки барои Русия истиқлол ҳамеша ҳалкунанда буд ва ҳич гоҳ дар ин масъала ақибнишинӣ накардаасту нахоҳад кард.
"Ҳаққи мустақилона, озод ва огоҳона муайян кардани тақдири худ. Истиқлол ин кафолати рифоҳ ва шоистагии шаҳрвандони мо, ин ояндаи кӯдакони мо мебошад. Дар чунин масоил ҳич гоҳ ақибнишинӣ накардаасту намекунад, чун дар акси ҳол Русия мавҷуд нахоҳад буд", - гуфт ӯ.
Постоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете Безопасности ООН Василий Небензя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Намояндаи доимии Русия дар СММ шарти оташбас дар Украинаро эълон кард
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0