Маълум шуд, ки Наврӯз кай дар Тоҷикистон фаро мерасад

Праздник в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Санаи дақиқи фаро расидани Наврӯз дар Тоҷикистон маълум шуд. Дар лаҳзаи фаро расидани Наврӯз шабу рӯз баробар мешаванд
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон санаи 20 март, соати 20:30 дақиқа Наврӯз фаро мерасад ва баробаршавии шабу рӯз ба амал меояд.
Дар ин бора Агентии "Ховар" аз қавли сардори шуъбаи фарҳанги МИҲД шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён хабар дод.
Гуфта мешавад, тибқи ҷадвали астрономӣ, рӯзи 20 март, соати 15:30 дақиқаи вақти ҷаҳонӣ замин ҳангоми ҳаракат дар атрофи офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад.
Символ Навруза - суманак  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Наврӯз-2022: тоҷикистониён чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Манбаъ афзуда, ки рӯзи 21 март, соати 03:00 дар Боғи ғалабаи шаҳри Душанбе гулхани наврӯзӣ афрухта мешавад ва маросими суманакпазӣ доир мегардад.
Ҳамчунин, дар ин рӯз аз чор дарвозаи шаҳри Душанбе корвони наврӯзӣ бо ҳузури Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону талбнавозон ба сокинони пойтахт навиди фарорасии Соли Навро мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки имсол дар Тоҷикистон дар рӯзҳои наврӯзӣ панҷ рӯз истироҳатӣ хоҳанд буд. Ҳамин тариқ аз 21 то 25 март дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатӣ эълон шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0