Раҳмон ҳама санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро мораторий эълон кард

© Пресс-служба Президента РТЭмомали Рахмон
Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як фармони худ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар.
Тибқи фармони мазкур, аз 16 марти соли 2022 бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ба тасвиб расида, дар асоси он ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 мораторий эълон карда мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Раҳмон аз авҷи низоъ ва гаронии нархҳо гуфта, аз шарикон кумак хост
Ҳамзамон тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳур, мувофиқи фармони мазкур, Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” қабул карда мешавад, ки он муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншударо танзим мекунад.
“Ҳамчунин қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян намуда, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкориро ҳифз менамояд”, - қайд кардааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки тибқи муқаррароти Қонун дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ боздошта мешавад.
Аз натиҷаи татбиқи мораторий ба санҷишҳо мақоми ваколатдори давлатӣ дар умури сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мониторинги татбиқи қонунгузории мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро тибқи тартиби муқарраргардида гузаронида, аз натиҷаи он маълумоти таҳлилӣ манзур менамояд.
Назорати риоя ва иҷрои қонуни мазкур бар души Прокуратураи генералӣ вогузор карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0