Чаканпӯшу ҳамроҳ бо шавҳар: Рухшонаи Эмомалӣ ба маликаи Бритониё эътимоднома супурд

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонРухшонаи Эмомалӣ сафири навтаъйини Тоҷикистон дар Бритониёи кабир ва Ирландияи шимолӣ ба маликаи ин кишвар Елизаветаи II эътимоднома супурд
Рухшонаи Эмомалӣ сафири навтаъйини Тоҷикистон дар Бритониёи кабир ва Ирландияи шимолӣ ба маликаи ин кишвар Елизаветаи II эътимоднома супурд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сафири нави Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир ба маросими супоридани эътимоднома бо шавҳараш омадааст
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Рухшонаи Эмомалӣ сафири навтаъйини Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба маликаи ин кишвар Елизаветаи II эътимоднома супорид.
Бар асоси акси нашркардаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Рухшонаи Эмомалӣ ба маросими супоридани эътимоднома бо шавҳараш Шамсулло Соҳибов, соҳибкори тоҷик ҳозир шуда, худи чорабинӣ аз тариқи видеоӣ сурат гирифтаст.
ВУХ афзуд, ки сафири нав таманниёти Эмомалӣ Раҳмонро ба малика Елизаветаи II ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ байни ду кишвари дӯст ва 70-умин солгарди ба тахт нишастани малика расонид.

"Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Бритониёи Кабир ва дурнамои рушди он табодули афкор намуданд", - омадааст дар иттилоия.

Маврид ба зикр аст, ки фармони таъйини Рухшонаи Эмомалӣ ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолиро Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли гузашта имзо карда буд.
Рухшонаи Эмомалӣ, духтари раисҷумҳури Тоҷикистон мебошад, ки собиқаи корӣ дар мақомоти умури хориҷии кишварро дорад. Номи ӯ қаблан дар феҳрасти мақомдорони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба ҳайси ноиби сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии ин ниҳод зикр шуда буд.
Получение верительных грамот от вновь назначенных послов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Таъйини 12 сафири нав дар Тоҷикистон: Раҳмон эътимодномаҳояшонро қабул кард
Қабл аз кор дар ин мақом Рухшонаи Эмомалӣ дар намояндагии Тоҷикистон дар Бритониё кор мекард.
Ӯ дар мақоми сафир Халифазода Масъудро иваз намуд, ки ба далели гузаштан ба кори нав аз вазифаи сафирӣ озод гардид.
Лентаи хабарҳо
0