Сафаров мегӯяд, Бердимуҳаммадови хурдӣ муносибот бо ҳамсояҳоро беҳбуд мебахшад

© Sputnik Амир ИсаевСайфулло Сафаров, архивное фото
Сайфулло Сафаров, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти тозаинтихоби Туркманистон тамоми имконотро барои ба сатҳи нав баровардани кишварашро дорад, изҳор дошт сиёсатшиноси тоҷик
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Муносиботи Туркманистон бо кишварҳои ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ беҳтар хоҳад шуд.
Ин нуктаро Сайфулло Сафаров, раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон дар суҳбат бо РИА "Новости" изҳор доштааст.
Ба гуфтаи ӯ, беҳбудиҳо дар пайи сари қудрат омадани президенти тозаинтихоб Сардор Бердимуҳаммадов сурат хоҳанд гирифт. Бердимуҳаммадови хурдӣ, писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти феълӣ мебошад, ки дар интихоботи 12 март бо гирифтани 72,97%-и ороъ баранда эълон шуд.
Сафаров муътақид аст, ки бо сари қудрат омадани Бердимуҳаммадови хурдӣ муносибот бо ҳамсояҳо шаффофу беҳтар хоҳанд шуд.

"Пешрафтҳое дар худи Туркманистон низ хоҳанд буд, аммо дар маҷмуъ падараш, ки чеҳраи дуюми кишвар мешавад, дар доираи анъанаҳои мардуми туркман фаъолияташро маҳдуд хоҳад кард", - таъкид намуд сиёсатшинос.

Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ахиран бо Сардор Бердимуҳаммадов суҳбати телефонӣ анҷом дода, барои интихоб гардиданаш ба маснади олии давлатии Туркманистон ӯро шодбош гуфт.
Сердар Бердымухамедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Полковнику муҳандис ва ҷавонтарин президент дар ИДМ: ҳолномаи Сардор Бердимуҳаммадов
Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати идомаи пайвастаи муколамаи байнидавлатӣ аз рӯи ҳамаи ҷанбаҳои рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон иброз намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури тозаинтихоб, Сардор Бердимуҳаммадовро барои анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар фурсати барояшон муносиб даъват кардааст.
Лентаи хабарҳо
0