Ӯзбекистон маҳдудиятҳои ковидии рафтуомад ба Тоҷикистонро бекор кард

© Sputnik / Амир ИсаевКПП "Равот" на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото
КПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Обуна шудан
Ӯзбекистон маҳдудиятҳои омадурафт ба Тоҷикистону Қазоқистонро, ки ба далели коронавирус ҷорӣ шуда буданд, лағв намуд
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Маҳдудияти убури марзи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки аз моҳи январ амал мекунанд, аз 16 март бекор карда мешавад.
Дар ин бора Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон хабар дод.

"Аз 16 март маҳдудиятҳои муваққатӣ барои ҳаракати тамоми шаҳрвандон аз тариқи гузаргоҳи марзии заминии Ӯзбекистон бо Тоҷикистон ва Қазоқистон бардошта мешаванд", - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки барои барқарорсозии кори тамоми гузаргоҳҳои марзӣ чораандешӣ шуда истодааст. Маҳдудиятҳои муваққатӣ моҳи январи соли равон ба далели хуруҷи омикрон роҳандозӣ шуда буданд.
Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон низ қаблан эълон кард, ки фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистон аз 15 март ба реҷаи муқаррарӣ бармегардад. Аз ҷумла таъкид шуда буд, ки шаҳрвандон метавонанд танҳо бо пешниҳоди гувоҳнома дар бораи ваксинатсияи пурра бар зидди бемории COVID-19 бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологӣ омадурафт кунанд.
Горный турист - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2022
Коршинос рушди сайёҳӣ дар ИДМ-ро пешгӯӣ кард
Таъкид шудааст, ки гувоҳнома дар бораи ваксинатсия бар зидди COVID-19, ки аз ҷониби мақомот ва муассисаҳои тандурустии ҷониби Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ИДМ ба шаҳрвандон баъди гузаштан аз ваксинатсия пешниҳод карда мешавад, расман эътироф мегардад.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ ба эътидол омадааст.
Лентаи хабарҳо
0