Ҳинду Русия нақшаи табодули рупия ба рублро баррасӣ мекунанд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкФлаги России и Индии
Флаги России и Индии  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Обуна шудан
Дар шароити таҳримӣ Русия ва Ҳинд талош мекунанд, додугирифтро бо асъори миллии худ ба роҳ монанд
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Бонки марказии Ҳиндустон бо ҷониби Маскав нақшаи эҳтимолии мубодилаи асъори мустақимро бо мақсади густариши тиҷорат бо он дар шароити таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Русия баррасӣ мекунад, хабар медиҳад нашрияи "Financial Times" дар такя ба манобеаш.

"Бонки марказии Ҳиндустон бо Маскав дар бораи як тавофуқи ҷуфти асъори "рупия ва рубл" машваратҳои ба роҳ мондааст, ки имкон медиҳад, содирот ба Русия пас аз таҳримҳои Ғарб идома дошта бошад",- менависад рӯзнома.

“Дигар кишварҳо содиротро ба Русия манъ мекунанд, аз ин рӯ вақти он расидааст, ки содиркунандагони ҳиндӣ ба бозори Русия ворид шаванд", — гуфт ба хабарнигори нашрияи Financial Times доктор А. Сактхивел, президенти Федератсияи ташкилотҳои содиротии Ҳиндустон (FIEO).
"Мо аз ҳукумат дархост кардем, ки нақшаи мубодилаи асъорро баррасӣ кунад", - афзуд ӯ.
Аз сӯйи дигар як мақоми тиҷорати хориҷӣ бидуни зикри номаш ба ин нашрия гуфтааст, табодули рупия ба рубл метавонад ба Ҳинд имкон диҳад, ки дар сурати таҳрими нафт ба харидани энержии Русия идома диҳад.
Рӯзи сешанбе вазири нафт ва гази Ҳинд Ҳардип Сингҳ Пурӣ, ки дар палатаи болоии парлумон суханронӣ мекард, гуфт, музокироти марбути масъалаҳои гуногуни хариди нафти Русия идома дорад.
Амстердам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Ҳукумати Ҳолланд: Таҳримҳо алайҳи Русия ба тиҷорат таъсири манфӣ мерасонанд
Ба навиштаи рӯзномаи "New Indian Express" вай хабарҳои расонаҳоро дар бораи он ки Русия пешниҳод кардааст, нафт ва дигар ашёи хоми худро бо нархи арзон бо рупия ва рубл фурӯшад, шаҳр дод.
Баъдтар нашрияи "Business Standard" бо такя ба манобеаш хабар дод, ки Ҳиндустон метавонад аз Русия то 15 миллион бушка нафти хом ворид кунад.
Коршиносон низ ба ин назаранд, ки бо ворид шудани Ҳинду Чин ба бозорҳои Русия ва мубодилаи пулҳои миллии ин кишварҳо дар додугирифти онҳо, ки бештари аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд, Ғарбро дар оташи таҳримоти ҷорикардаи худ хоҳанд андохт.
Лентаи хабарҳо
0