Аз меҳмонхона то мактабу боғча: Раҳмону Рустам дар пойтахт чиро ифтитоҳ карданд

© Пресс-служба президента Таджикистана Эмомали Рахмон и Рустам Эмомали на открытии гостиници в центре Душанбе
Эмомали Рахмон и Рустам Эмомали на открытии гостиници в центре Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Обуна шудан
Дар Душанбе бо иштироки кишвардори Тоҷикистон ва ҳамчунин раиси пойтахт чандин биноҳои навсохт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дар се навоҳии пойтахт Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иншооти навсохтро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба иттилои дафтари матбуотии роҳбари давлат, нахуст дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур бинои меҳмонхонаи нави чорситорадор ба истифода дода шуд.
Меҳмонхона "The Rumi Hotel and Residences" номгузорӣ шуда, аз ҳисоби як соҳибкори ватанӣ сохта шудааст.
Манбаъ меафзояд, ин бино дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе бунёд шуда, дорои 84 ҳуҷраи люкс ва стандартӣ барои 168 нафар мебошад. Ҳамчунин бо мавриди истифода қарор гирифтани ин меҳмонхона 50 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.
База отдыха в Гулистоне, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
"Темурмалик" дар лаби "Баҳри тоҷик": Раҳмон дар Гулистон макони сайёҳӣ ифтитоҳ кард
Зимнан дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ муассисаи томактабии хусусии "Закия" мавриди баҳрабардорӣ дода шуд.
Дар ин муассиса имкони ҷо додани 140 кӯдак мавҷуд буда, таълим бо ду забон - русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад.
Корҳои сохтмонии он моҳи феврали соли 2021 оғоз гардида, дар муддати кутоҳ ва мутобиқ ба талаботи замони муосир ба анҷом расонида шуданд.
Раҳмон ҳама санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро мораторий эълон кард
Гуфта мешавад, ин муассисаро диретори генералии ҶДММ "Закия" Комрон Қодиров сохта, 32 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудааст.
Илова бар ин президент ва раиси шаҳр дар ноҳияи Сино бинои иловагии гимназияи "Кафолат"-ро ба истифода доданд. Дар бинои нав имкони қабули 432 хонанда мавҷуд аст.
Бояд гуфт, гимназияи хусусии "Кафолат" аз соли 2019 ба фаъолият шуруъ карда, дар он таълим бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0