Песков суханони Байден дар ҳаққи Путинро нобахшиданӣ унвон кард

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксЗаместитель руководителя администрации президента РФ - пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков
Заместитель руководителя администрации президента РФ - пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҷо Байден дар мусоҳиба бо хабарнигорон ба ин суол ки метавон кишвардори Русияро "ҷинояткори ҷангӣ" номид, посух дод
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Суханони Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, ки раҳбари Русия Владимир Путинро "ҷинояткори ҳарбӣ" номид, ғайриқобили қабул ва нобахшиданӣ ҳастанд.
Дар ин бора котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков дар РИА "Новости" изҳори назар кардааст.

"Мо чунин суханронии сарвари давлатро, ки бомбҳояш дар саросари ҷаҳон садҳо ҳазор нафарро куштааст, ғайриқобили қабул ва нобахшиданӣ меҳисобем", - гуфт сухангӯи раҳбари Русия.

Байден қаблан гуфта буд, ки раҳбари Русияро "ҷинояткори ҷангӣ" медонад.
Дар ҳамин ҳол, дар видеое, ки рӯзноманигорони Кохи Сафед ба раисҷумҳури Амрико дар ин мавзуъ суол медиҳанд, ӯ нахуст посухи манфӣ дод. Вале баъди дигарбора пеши хабарнигорон баромадан ба ин суол посухи мусбат дод.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Президент РФ В. Путин провел встречу с руководителями ведущих итальянских компаний - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Путин амалиёти вижа барои ҳифзи Донбассро арзёбӣ кард: Киевро огоҳ карда будем
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0