Раҳмон бо намояндаи СММ аз паноҳандагону кумакрасонӣ ба Афғонистон гуфт

© Пресс-служба Президента РТЭмомали Рахмон
Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Обуна шудан
Кишвардори Тоҷикистон ба кори созмони мазкур дар масъалаи паноҳандагон баҳои баланд дод
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумуҳри Тоҷикистон комиссари олии Созмони Миллали Муттаҳид дар умури паноҳандагонро ба ҳузур пазируфт.
Дар ин бора дафтари матбуотии президент хабар дода афзуд, ки мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Филиппо Грандӣ дар Қасри миллат сурат гирифт.
Гуфта мешавад, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла Дафтари комиссари олии паноҳандагон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дети играют возле своего дома в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Ҳушдори СММ дар бораи буҳрони гуруснагӣ дар Афғонистон
"Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Конвенсияи СММ оид ба мақоми гурезаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамкории сермаҳсул бо ин созмонро намунаи боризи муносибатҳои Тоҷикистон бо ниҳодҳои тахассусии СММ арзёбӣ намуд", - омадааст дар изҳорот.
Гуфта мешавад, дар мулоқот пешниҳод шуд, ки ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Ҷумҳурии Афғонистон бояд идома ёбад.
Қаблан як мақоми Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дода буд, ки мардуми Афғонистон бо як буҳрони ноамнии ғизоӣ ва суитағзияи ғайриқобили васф рӯ ба рӯ ҳастанд.
Ромиз Алкабров, ҳамоҳангкунандаи кумакҳои башардӯстонаи СММ дар Афғонистон гуфт, гуруснагии шадид дар ин кишвар аз 14 миллион нафар дар моҳи январ ба 23 миллион нафар дар моҳи март афзоиш ёфтааст ва хонаводаҳоро маҷбур мекунад, ки барои гузоштани ғизо рӯи миз ба “иқдомҳои ноумедкунанда" мутавассил шаванд.
Алкабров афзуд, 95 дарсади афғонҳо ба қадри кофӣ ғизо намехӯранд.
Лентаи хабарҳо
0