Рубл ба ҷойгоҳи қаблияш бармегардад: базори арз дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир ТрефиловМонеты номиналом один рубль.
Монеты номиналом один рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон қурби пули русӣ давоми як шабонарӯз то се сомонӣ гарон шуд
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро барои рӯзи душанбе эълон кард, ки тибқи он, қурби рубл каме боло рафтаву евро ва доллар бетағйир мондааст.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 119 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ин нишондод нисбат ба як рӯз қабл се сомонӣ (116 сомонӣ) бештар аст.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, бетағйир монда, як евро 14,3 сомониро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устувор аст. Қурби 1 доллар дар бозори арзи кишвар 13 сомонӣ пешгӯӣ шудааст.
Арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон бетағйир боқӣ монда, ҳамоно дар сатҳи 13 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта шудааст.
Здание Душанбе-плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Бонки миллӣ гуфт, чаро қурби доллар дар Тоҷикистон якбора гарон шуд
Дар ҳамин ҳол бонкҳои тиҷории Тоҷикистон қурби рублро дар нишондиҳандаҳои болотар қарор додаанд.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла бонки "Эсхата" 1000 рубл 135 -137 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1000 рубл аз 135 то 145 ва дар "Алифбонк" аз 135 то 149 сомонӣ нишон дода шудааст.
Танҳо дар "Орёнбонк" пули русиро арзонтар аз дигарон мехаранд. Ин бонк 1000 рублро дар харид ва фурӯш аз 117 то 130 сомонӣ муқаррар кардааст.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар мешавад.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0