Коршинос: Чаро Русия аз Шӯрои Аврупо хориҷ шуд ва ин барои ИА чӣ маъно дорад

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Коршинос муфассал гуфт, ки Шӯрои Аврупо чӣ гуна аст ва адами ҳузури Русия дар ин шӯро чӣ асаре барои соири аъзо дорад
Хуруҷи Русия аз Шӯрои Аврупо аллакай як далел аст. Сабаб ва пайомадҳои чунин тасмимро дар суҳбат бо Sputnik директори Пажуҳишгоҳи рушди давлати муосир Дмитрий Солонников шарҳ дод.
Ба гуфтаи коршинос, расмиёте, ки дар ҷаласаҳои Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо сурат мегирад, фишори як нуқтаи назар ба ҳама андешаҳои дигар аст.

“Дар ин вазъият ҳамеша имконпазир ва зарур аст, ки мубориза бурд, мавқеи худро баён кард, аммо ҳамчун як имкони тамос, имкони ҳамоҳангсозӣ дигар он муассиса кор намекунад", - мегӯяд Солонников.

Аз сӯи дигар, тавре ин таҳлилгар қайд мекунад, мавқеи Русия пас аз пайвастан ба ин созмон ба куллӣ тағйир ёфтааст: давлат дигар ҳамгироии аврупоиро ҳадафи худ намедонад.
Вай ҳамчунин афзуд, ҳузури Маскав дар Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо метавонад ба он ширкаткунандагон таъсир расонад, ки бо ақидаи умумӣ розӣ нестанд, зеро ин гуна давлатҳо аксаран ба тезисҳои ҳайати Русия такя мекарданд.
Қаблан, рӯзи 15 март Вазорати корҳои хориҷии Русия Шӯрои Аврупоро дар бораи хуруҷи Федератсияи Русия аз ин созмон ва лағви Конвенсияи Аврупо оид ба ҳуқуқи башар огоҳ карда буд.
Муовини раиси Думаи давлатӣ, раҳбари ҳайати Русия дар созмон Петр Толстой таъкид кард, ки Русия аз Иттиҳодияи Аврупо бо хоҳиши худ хориҷ мешавад, ин як тасмими мутавозин ва андешамандона аст.
Ба гуфтаи раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин, Маскав 4,2 миллиард рублеро, ки дар ҷиҳати ҳаққулузвият дар шӯро сарф мекард, барои тақивият иқтисоди Русия масраф хоҳад кард.
Мавриди зикр аст, ки Русия тӯли 26 соли ахир узви ин шӯро буд.
Лентаи хабарҳо
0