Русияву Тоҷикистон қазияи ҳуқуқи оилаҳои муҳоҷиринро баррасӣ карданд

© Представительство Минтруд РТ в РВЗамглавы Минтруд РТ встретился с представителем МВД РФ
Замглавы Минтруд РТ встретился с представителем МВД РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистону Русия ба мувофиқа расиданд, ки вобаста ба ваъзи ҳуқуқии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони онҳо тадбирҳои наву зарурӣ андешида шавад
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ин масъала дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар мулоқоти Нодирӣ Шаҳноза Анвар, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо муовини сардори Сарраёсати кор бо муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия, Дмитрий Демиденко баррасӣ шуд.
Тавре Каримҷон Салимзода, масъули бахши матбуотии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, дар мулоқоти мазкур ҷонибҳо аз доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, баргузории мулоқоту вохӯриҳои дуҷонибаро дар сатҳҳои гуногун барои беҳтар гардидани робитаҳои ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар ҷараёни мулоқот тарафҳо маҷмуи масъалаҳои дуҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмини ҳифзу ҳуқуқи онҳо, мусоидат ба ҳалли мушкилот дар раванди фаъолияти меҳнатӣ, ваъзи ҳуқуқии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони онҳо, баргузории чорабиниҳои муштарак ва дигар масъалаҳои муҳоҷиратӣ дар Русияро баррасӣ карданд.
Встреча с Председателем Совета Федерации Федерального Собрания России Валентиной Матвиенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Аз муҳоҷират то сармоягузорӣ: дидору мулоқоти Раҳмон ва Матвиенко
“Зимни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вобаста ба ваъзи ҳуқуқии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони онҳо тадбирҳои наву зарурӣ андешида шавад”, - зикр кард Каримҷон Салимзода.
Инчунин номбурда илова кард, ки мулоқот дар доираи ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.
Лентаи хабарҳо
0