Асрор Воҳидов набарди навбатияшро доир мекунад: рақибаш кист?

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкБокс, архивное фото
Бокс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2022
Обуна шудан
Муштзани номовари тоҷик Воҳид Асроров ба набарди навбатияш омодагӣ мегирад
ДУШАНБЕ, 23 янв – Sputnik. Воҳид Асроров, муштзани шинохтаи тоҷик рақобати навбатияшро 21 март барпо мекунад.
Ин навбат рақиби варзишкори тоҷик Владимир Никитини рус хоҳад буд.
Рақобати мазкур дар назар аст, ки шоми 21 март дар Маскав баргузор гардад.
Охирин рақоботаи варзишгари тоҷик моҳи январи соли 2021 дар Екатеринбурги Русия баргузор шуда буд, ки ӯ Тато Бонокоане аз Африқои Ҷанубиро шикаст дода, соҳиби унвони ғолиби WBO "Oriental" гардид.
Асрор Воҳидов дар бокси ҳирфаӣ нуҳ рақобатро бо ғолибият поён, аз ҷумла панҷтоашро бо нокаут анҷом додааст.
Ҳарифи ӯ бошад, ҳашт рақобат барпо карда, дар яктоаш мағлуб шудааст ва ба унвони як муштзани қавии Русия таҷрибаи рақобат дар бозиҳои олимпиро дорад.
Боксер из Таджикистана Мухаммад Якубов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2022
Ҳарифи Ёқубов, муштзани шикастнадидаи тоҷик дар мусобиқаи WBC дақиқ шуд
Асрор Воҳидов 20 октябри соли 1995 дар Исфара таваллуд шудааст. Варзишгар дар вазнҳои то 52 кг ва то 56 кг баромад мекунад.
Воҳидов аз шинохтатарин муштзанҳои тоҷик буда, соли 2011 дар бокси ҳаваскорӣ унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасон гардида буд. ХУди ҳамин сол Ташкилоти байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) ӯро беҳтарин муштзани нараси ҷаҳон эълон кард.
Номбурда ҳамзамон, дорандаи унвони қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи кигбоксинг миёни наврасон мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки шоми имрӯз 18 март набарди муштзани шикастнадидаи тоҷик Муҳаммад Яъқубов бо О'Шейки Фостери амрикоӣ доир мегардад.
Агар Ёқубов ин набардро бо пирӯзӣ поён диҳад, ҳаққи рақобат барои дарёфти унвони қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст меорад.
Лентаи хабарҳо
0