Тавзеҳи Бонки марказии Русия дар бораи истифода аз корти "Мир" дар Тоҷикистон

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузаштан ба хазинаи аксПервые карты национальной платежной системы "Мир"
Первые карты национальной платежной системы Мир - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бонки марказии Русия варақаи тавзеҳотӣ дар бораи тарзи истифодаи як низоми пардохтии ин кишвар дар хориҷаро таҳия кардаст
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Русия феҳрати кишварҳоеро мушаххас кард, ки дар он ҷо метавон аз корти "Мир" истифода кард.
Тибқи иттилои Бонки марказии Русия, феълан ин рӯйхат шомили 10 кишвари хориҷи дуру наздик, аз ҷумла Тоҷикистон мешавад.
Бар асоси тавзеҳоти расмӣ, корти "Мир" ба таври комил танҳо дар шаҳри Душанбе фаъол хоҳад буд.

"Гирифтани маблағи нақд ё пардохти пул барои мол аз тариқи дастгоҳҳои иштироккунандаҳои низоми пардохтӣ "Корти миллӣ" ва "Express Pay" дар маркази "Душанбе Сити" имконпазир аст", - изҳор дошт Бонки марказӣ.

Ин амалиёт дар Ӯзбекистон аз тариқи иштирокдори низоми пардохтии UZCARD, дар Қазоқистон аз тариқи дастгоҳҳои бонкҳои "ВТБ", "Сбербонк", Бонки халқии Қазоқистон ва "Сентр-Кредит" имкон дорад.
Ин имконият дар Қирғизистон аз тариқи иштирокдорони низоми пардохтии "ЭЛКАРТ", дар Арманистон аз тариқи "ArCa" ва Беларус аз тариқи "БЕЛКАРТ" фароҳам мебошад. Корти Русияро дар Бонки марказии Осетияи Ҷанубӣ ва дар Абахзистон аз тариқи АПРА метавон кор бурд.
Кремл. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Кремл гуфт, иқтисоди Русия касод намешавад
Дар баробари кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил амалиёт бо корти "Мир" инчунин дар Туркия аз тариқи дастгоҳҳои бонкии "Turkiye Is Bankasi", "Ziraat Bankasi", "VakifBank" ва дар Ветнам аз тариқи низоми пардохтии NAPAS - бонкҳои BIDV ва VRB дастрас мебошад.
Лентаи хабарҳо
0