Як хонаро ба 2 кас фурӯхт: Муттаҳам боздошт шуд

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Муттаҳам дар қаллобӣ пули хонаро аз як шаҳрванд гирифта, манзили ваъдагиро ба нафари дигар фурӯхтааст
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз сабти ҳолати дигари қаллобӣ дар бозори харидуфурӯши хона хабар дод.
Тибқи иттилои ВУД, марди 35-сола, сокини шаҳри Турсунзода зимни муомилот дар бозори хона ба фиреби мизоҷон даст задааст.
Таъкид шудааст, ки муттаҳам ҳанӯз моҳи январи соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 23-сола, сокини шаҳри Турсунзода даромада, аз ӯ 212 ҳазору 625 сомониро гирифтааст.
Бар ивази ин маблағ ваъда додааст, ки ба ҷавон аз бинои навбунёди ширкати “Хайрсохтмон” хонаи дуҳуҷрагӣ гирифта медиҳад.
"Маблағҳоро ба ҶДММ-и мазкур супорида, хонаи истиқоматиро ба дигар шаҳрванд фурӯхтааст", - омадааст дар иттилоия.
ВУД мегӯяд, маъмурини милисаи Турсунзода муттаҳамро боздошт карда, феълан таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ бар асоси моддаи 247 қисми 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон идома дорад.
Движение транспорта по проспекту Рудаки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
"Хонахарҳо дар марказ ду мошинӣ доранд": раиси кумита аз мушкили таваққуфгоҳҳо гуфт
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон сол ба сол талабот ба манзили истиқоматӣ ба далели афзоиши босуръати аҳолӣ ва камзаминии кишвар афзоиш ёфта истодааст.
Ба иттилои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, тайи як соли ахир дар ҷумҳурӣ 1 миллион 430 ҳазору 300 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки барои он 14,8 миллиард сомонӣ маблағ сарф шудааст. Манбаъ афзуд, ки ин нишондод дар муқоиса бо соли 2020 ҳудуди 42,4 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0