Модели тоҷиктабори Ӯзбекистон беҳтарин миёни намояндагони 96 кишвар шуд

© Из личного архива Н.ФахриддиновойМодель Нигина Фахриддинова
Модель Нигина Фахриддинова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2022
Обуна шудан
Модел Нигина Фахриддинова дар доираи озмуни зебоии "Мисс Интернешнл" беҳтарин миёни намояндагони 96 кишвар дониста шуд
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Зебосанами саршиноси тоҷиктабор аз Ӯзекистон Нигина Фахриддинова ҷоизаи озмуни аксҳо зери унвони "Takasi Daruma Photo Contest 2021"-ро соҳиб шудаст. Ӯ нахустин намоянда аз Ӯзбекистон дар таърихи 60-солаи озмун мебошад, ки соҳиби ин ҷоиза шуд.
Фахриддинова бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ташкилкунандагони ин иқдоми батаъхиргузошташуда барои довталабон мусобиқаҳои гунгун пешниҳод намуданд.
© Личный архив Н. ФахриддиновойУзбекско-таджикская модель Нигина Фахриддинова
Узбекско-таджикская модель Нигина Фахриддинова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2022
Узбекско-таджикская модель Нигина Фахриддинова
Аз ҷумла ба зебосанамҳо дарумҳои ҷопонӣ - лухтакҳои махсус равона шуда буданд ва довталабон бояд аксҳои ҷолибе дар пасманзари ин ёдгории фарҳангӣ мегирифтанд.

"Мо намедонистем, ки ин озмуни аксҳо хоҳад буд ва ҳатто фикр ҳам намекардам, ки пирӯз мешавам. То ҳол дар ҳаяҷонам, ки миёни намояндагони 96 кишвар ҷойи аввал гирифтам", - изҳор дошт Нигина.

Фахриддинова ҷоизаро аз шаҳрдори Такасакӣ гирифтааст.
"Ҷоиза аллакай дар дастам аст, аммо аз ҳама муҳимаш он имкон медиҳад, ки вориди 20-гонаи беҳтарин моделҳо дар озмуни ояндаи "Мисс Интернешнл" шавам", - гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки 60-умин озмуни байналмилалии зебоӣ - "Мисс Интернешнл", ки ба далели пандемия як сол ба таъхир гузошта шуд, тирамоҳи соли 2022 дар шаҳри Иокогама баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0