Ба муҳоҷирони тоҷик гуфтанд, ки пеш аз сафар ба Русия чӣ кор кунанд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузаштан ба хазинаи аксТрудовые мигранты с документами
Трудовые мигранты с документами  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
"Ориёнбонк" ба он сокинони Тоҷикистон, ки дорандагони корти Visa ҳастанд ва қасди сафар ба Русияро доранд, гуфт, чиро бояд донанд
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. "Ориёнбонк" барои муштариёни худ, ки аз кортҳои низоми пардохтии VISA истифода мекунанд, изҳорот дод. Дар ин бора дар вебсайти бонки тиҷоратии Тоҷикистон гуфта мешавад.
Бонк тавсия медиҳад, ки барои сафар ба Русия пешакӣ омода шавед: чиптаҳои ҳавопаймо, меҳмонхонаҳо, раводид ва бимаро дар Тоҷикистон суфориш диҳед ва аз тариқи онлайнӣ барои он пардохт кунед.
Мутахассисони "Ориёнбонк" ҳамчунин ба муштариён тавсия медиҳанд, ки бо худ пули нақд бигиранд.
Дар ҳамин ҳол бонк таъкид мекунад, дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар барои истифодаи кортҳои VISA ҳеҷ маҳдудияте вуҷуд надорад.
Ба гуфтаи Бонки миллии Тоҷикистон, "Ориёнбонк" аз муваффақтарин ва бонки низомсози кишвар аст. Изҳороти бонк ба таҳримҳои зидди Русия иртибот дорад, ки муомилоти байналмилалии пулӣ дар ин кишвар ба мушкил мувоҷеҳ шудааст.
Вывеска с названием Western Union, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Вокуниши “Амонатбонк” вобаста ба қатъи фаъолияти "Western Union"
Ёдовар мешавем, ки ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ба далели амалиёти вижаи Русия, ки барои ҳифзи Донбасс идома дорад, ин кишварро таҳрим карданд.
Ба гуфтаи Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, Маскав ба маҳдудиятҳои шадид омода шудааст. Русия аллакай дар чаҳорчӯби манфиатҳои худ чораҳои ҷавобӣ омода кардааст.
Вокуниши Федератсияи Русия ба маҳдудиятҳои Ғарб фаврӣ ва ҳассос хоҳад буд, гуфт Дмитрий Биричевский, директори департаменти ҳамкориҳои иқтисодии Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар.
Вай таъкид кард, таҳримҳо ба давлатҳои ташаббускор зарари бузург мерасонанд ва ҷорӣ кардани онҳо мантиқан беасосанд.
Лентаи хабарҳо
0