Замони хатми "лимит"-и барқ дар шимоли Тоҷикистон эълон шуд

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузаштан ба хазинаи аксЛампочка в подвале, архивное фото
Лампочка в подвале, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Масъулин сабаби қатъи барқи манзили сокинон дар шаҳру навоҳии кишварро ба ҷараёни таъмири хатҳои барқрасонӣ рабт медиҳанд
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Дар арафаи Иди Наврӯз дар шимоли Тоҷикистон "лимит"-и барқ бардошта мешавад.
Дар ин бора Ҳусейн Шарифиён, муовини директори филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан, ки тақсимоти барқи аксар шаҳру навоҳии Суғдро ҳамин идора зери назорат дорад, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Як моҳ аст, ки ҳам рӯзу ҳам шаб ҳудуди 16 соат барқ дар шаҳру навоҳии Суғд қатъ мешавад.
Ба гуфтаи Шарифиён, мушкили барқрасонӣ ба ҷараёни таъмири хатҳои барқӣ рабт дорад.

“Ҳоло дар хатҳои барқрасонии пойгоҳҳои обкашӣ таъмиру таҷдид ҷараён дорад. Ин кор бо мақсади дар фасли баҳору тобистон бебарқ ва беоб намондани хоҷагиҳои кишоварзӣ мебошад ва бо дастури Хадамоти танзимгарии марказӣ амалӣ карда мешавад”, – гуфт, Шарифиён.

Ин масъули идораи барқрасони Суғд таъкид кард, ки таъмири хатҳои барқ то Иди Наврӯз ба итмом расонида шуда, мушкили барқрасонӣ ҳам ба пуррагӣ дар саросари вилоят бартараф мешавад.
Дар ҳамин ҳол сокинони рустоҳои Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз сардиҳои фасли баҳорӣ хатм нашудаанд, вале вазъи душвори барқрасонӣ кору рӯзгори онҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст.
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Ширкати "Барқи тоҷик" қасд дорад, аз Русия таҷҳизот харидорӣ кунад
Карим Бобоев, як сокини деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ мегӯяд, ҳоло дар шабонарӯз 16 соат барқи манзили онҳоро қатъ мекунанд.
“Рӯзона аз соати 08:00 то соати 17:00 ва шабона аз соати 22: 00 то 05:00-и саҳар барқро хомӯш мекунанд”, - иброз намуд, мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон.
Тавре сокинони дигар ҳам таъкид карданд, дар аксари навоҳии Суғд бо расидани фасли баҳор ҳанӯз ҷирабандии барқ хотима наёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0