Набарди Одилов барои ҳифзи унвони қаҳрамонӣ ба вақти номуаян гузошта шуд

© Акс аз бойгонии Фаридун Одилов Варзишкори тоҷик Фаридун Одилов
Варзишкори тоҷик Фаридун Одилов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Рақобати Фаридун Одилов ва Даврон Ермеков барои камарбанди қаҳрамонии "Eagle" FC ба вақти дигар гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Ширкати "Eagle" FC, ки роҳбарияшро Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони собиқи UFC ба зимма дорад, эълон кард, ки рақобати размикори тоҷик Фаридун Одилов ва Даврон Ермекови қазоқ ба вақти дигар гузошта мешавад.

"Маҷбурем, ба шумо хабар диҳем, шоми "Eagle" FC 47, ки мебоист дар санаи якуми апрел дар вилояти Пенза доир мешуд, ба вақти дигар, дертар гузошта шуд", - гуфтааст дафтари матбуотии ташкилот.

Гуфта мешавад, ки рақобатҳои банақшагирифташуда дар дар назар аст, ки охирҳои баҳор ва ё аввали тобистон доир гарданд.
Дар бораи замон ва макони дақиқи гузаронидани мусобиқот ташкилот афзуд, ки баъдан иттилоъ хоҳад дод.
Ин бор барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ бо Одилов, ки дорандаи камарбанд аст, варзишкори қазоқ Даврон Ермеков рақобат мекунад.
Гамзат Хирамагомедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
"Дарранда"-и рус Хирамогомедов даъвои набард бо "Терминатор"-и тоҷикро кард
Охирин набарди Одилов моҳи декабри соли 2021 доир гардид, ки размикори 29-солаи тоҷик Эноко Торреси испаниро шикаст дод. Мубориза 3 дақиқаю 37 сония давом карда, дар даври якум ба охир расид.
Терминатори тоҷик дар се дақиқа ғалаба ба даст овард: навори нокаут
Дар ин мусобиқа Одилов бо лақаби Терминатор унвони қаҳрамони худро ҳифз кард.
Фаридун феълан 12 ғалаба дорад. Ӯ дар давоми фаъолияти варзишӣ танҳо аз ду рақиб шикаст хӯрдааст.
Ҳарифи навбатии ӯ Ермеков бошад, 15 бурд ва 5 бохт дорад.
Ӯ аз размикорони шинохтаи қазоқ буда, қаблан бо Минеев, Гусейнов, Калинин ва Хирамогомедов рақобат кардааст.
Лентаи хабарҳо
0