Нашри сериалҳои хориҷӣ дар расонаҳои Афғонистон аз сӯйи толибон манъ шуд

© REUTERS \ hamil ZhumatovМариам Шакебар на кабульском телевидение, Афганистан
Мариам Шакебар на кабульском телевидение, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2022
Обуна шудан
Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар тамоми телевизионҳоро аз пахши сериалҳои хориҷӣ манъ кардааст
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Бар асоси дастури Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, гурӯҳи толибон дар расонаҳои “Мобӣ групп", монанди телевизиони “Тулуъ”, "Лемар" ва бархе расонаҳои дигар аз шаби гузашта пахши сериалҳои хориҷиро манъ кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Қаблан дар Афғонистон пахши сериалҳо, таронаҳои ҳиндӣ, туркӣ ва ғайра манъ шуда буд.
Нашри сериалҳои хориҷӣ дар ҳолест, ки фаъолияти синамои Афғонистон солҳо боз чандон хуб набуд, ки ҷои онро сериалҳои хориҷӣ дар телевизионҳои ин кишвар гирифтанд.
Бо ин бештари расонаҳо ба мушкил рӯ ба рӯ хоҳанд шуд, теъдоди зиёди кормандон ва тарҷумонон, ки маоши кам мегирифтанд, ихтисор хоҳанд шуд.
Коллаж из фотографий одной локации до и после прихода к власти Талибана* в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Эрон вогузории сафорати Афғонистон дар Теҳрон ба толибонро рад кард
Ёдовар мешавем, Амрико ва муттаҳидонаш дар соли 2001 бо баҳонаи мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар Афғонистон ба ин кишвар ҳамла карданд ва ин раванд боиси ҷанг, даргирӣ ва нобудии зербиноҳои иқтисодии Афғонистон шудаву ноамнӣ, терроризм ва тавлиди маводи мухаддир ҳам афзоиш ёфтааст.
Дар ниҳоят низомиёни амрикоӣ пас аз 20 соли ишғолгарӣ авохири моҳи августи соли 2021 аз Афғонистон хориҷ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0