Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Суҳбати ихтисосии Лавров бо RT: аз душмантарошӣ то муштаракоти Украина ва Русия

Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Русия дар суҳбати ихтисосӣ бо RT аз мавзуъҳои мубрами ҷаҳонӣ гуфт
Сергей Лавров, вазири умури Русия, дар суҳбат бо RT амалиёти низомӣ дар Украинаро тавзеҳ дод.
Вазир гуфт, ҳар василае, ки ҳомили силоҳ барои Украина мебошад, ҳадафи қонунии нерӯҳои Русия қарор мегирад ва дар ин бора қаблан огоҳ карда буданд.
Ӯ инчунин аз дурӯғпароканиҳо дар фазои хабарии Ғарб зикр карда, аз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия иқтибос овард, ки онро "империяи дурӯғ" номид.
Лавров таъкид намуд, ки ҳич гоҳ Русия мушкиле бо мардуми украинӣ надошт. Ӯ афзуд, ки худаш низ дӯстони зиёди украинӣ дорад ва мардуми Русия ва Украина таъриху фарҳангу ҷаҳонбинии муштарак доранд.
Вай гуфт, феълан роҳбарияти Украина бо роҳнамоии Ғарб иқдом сӯйи ташаннуҷи вазъ мекунанд, аммо изҳори умед намуд, ки муштаракоти ду мардум дар ниҳоят боло хоҳанд гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0