Бердимуҳаммадови хурдӣ расман дар мақоми раисиҷумҳури Туркманистон корро оғоз кард

© Sputnik / Александр Астафьев / Гузариш ба медиабонкСердар Бердымухамедов
Сердар Бердымухамедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2022
Обуна шудан
Писари раисҷумҳури ҳамакнун собиқи Туркманистон расман ба курсии падараш нишаст
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Сардор Бердимуҳаммадов расман кор дар мақоми раҳбарии Туркманистонро шуруъ кард.
Дар ин бора хабаргузории давлатии Туркманистон хабар медиҳад.

"Рӯзи 19 март дар Ишқобод, дар Қасри "Рӯҳият" маросими ботантанаи савгандёдкунии раисҷумҳури тозаинтихоби кишвар баргузор шуд", — омадааст дар хабар.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи пеш аз муҳлати раисҷумҳури Туркманистон 12 март баргузор шуд.
Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурӣ, муовини собиқи нахуствазир ва писари раисиҷумҳури собиқ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Сардао 72,97% овозҳоро ба даст овардааст.
Ӯ аз Ҳизби демократии Туркманистон пешбарӣ шудааст. Барои ӯ ин аввалин интихоботи президентист.
Мутобиқи моддаи 76-и Кодекси интихоботи Туркманистон ва бар асоси қарори КМИ аз 14 марти соли 2022 ӯ президенти интихобшуда эътироф гардид.
Сердар Бердымухамедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Полковнику муҳандис ва ҷавонтарин президент дар ИДМ: ҳолномаи Сардор Бердимуҳаммадов
Сайфулло Сафаров, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон изҳори назар кард, ки муносибатҳои Туркманистон ва ҳамсоягони он дар минтақа дар замони раисҷумҳури нав ба самти беҳтар тағйир хоҳанд ёфт.
Худи президенти тозаинтихоб гуфта буд, ки сиёсати падарашро идома медиҳад ва робитаҳои зич бо ҳамсояҳо аз авлавиятҳои робитаҳои хориҷияш хоҳад буд.
Қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сардор Бердимуҳаммадов барқияи шодбошӣ ирсол карда, ҳамзамон бо ӯ ва падараш суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Лентаи хабарҳо
0