Аввалин бохт: Муҳаммад Ёқубов натавонист ба унвони қаҳрамонӣ наздик шавад

© RCC Boxing PromotionsАбдурахим Якубов
Абдурахим Якубов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2022
Обуна шудан
Муштзани шинохтаи тоҷик бо аввалин бохт дар корномаи варзишияш шонси расидан баҳри дарёфти унвони номзад ба чемпиони ҷаҳонро аз даст дод
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Муҳаммадхӯҷа Яқубов, муштзани шинохтаи тоҷик дар мусобиқа баҳри дарёфти унвони номзад ба чемпиони ҷаҳон аз рӯи фарзияи WBC шикаст хӯрд.
Рақобати Ёқубов бо О’Шаки Фостери амрикоӣ шоми 18 март дар шаҳри Дубай дар доираи сабқати "Probellum Evolution" барпо гашт.
Рақобати муштзанҳо 12 давр давом карда, бо қарори доварон ҳарифи варзишкори тоҷик пирӯз дониста шуд.
Мавриди зикр аст, ки ин аввалин бохти Ёқубов (18-1) дар корномаи варзишияш аст.
Ёқубов дар нисфи рақобат бартарии зиёд дошт ва бо итминон ҳаракат мекард, аммо дар нимаи дуюми мубориза Фостери 28-сола бартарӣ пайдо кард ва ниҳоят дар даври охирин ӯ пирӯз гардид.
Бокс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2022
Асрор Воҳидов набарди навбатияшро доир мекунад: рақибаш кист?
Ба ҳамин минвол Муҳаммад Ёқубов, шонси расидан баҳри дарёфти унвони номзад ба чемпиони ҷаҳон аз рӯи фарзияи WBC-ро аз даст дод.
Мавриди зикр аст, ки О’Шаки Фостери амрикоӣ низ муштзани таҷрибадор буда, ҳамакнун 19 пирӯзӣ ва ду бохт дорад.
Муҳаммад Ёқубови 25-сола зодаи Исфара буда, дар Русия зиндагӣ ва тамрин мекунад.
Ӯ дар вазни дувуми сабуктар (58,9 кг) ва сабук (61,2 кг) баромад мекунад. Мавсуф сазовори як қатор унвонҳои чемпионати минтақаӣ ва ҷавонон дар саҳнаҳои WBC, WBA, IBF ва WBO шудааст.
Лентаи хабарҳо
0