Гӯсфандҳоро гардонду баррачаҳоро не: чӯпон дар қаллобӣ муттаҳам мешавад

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузаштан ба хазинаи аксПразднование Курбан-байрама в России
Празднование Курбан-байрама в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Марде дар шаҳри Ваҳдат барои нигоҳдорӣ 46 сар чорвои хурд дода, 2 сол пас 136 сар чорао талаб дорад
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз баҳси ду нафар сари тақсими чорво хабар додааст.
ВУД мегӯяд, ба идораи милиса дар шаҳри Ваҳдат марди 36-сола муроҷиат карда, арз доштааст, ки ҳадафи фиреби чӯпоне қарор гирифтааст.
Муроҷиаткунанда тавзеҳ додааст, ки соли 2019 марди 35-сола, сокини шаҳри Ваҳдат ба боварияш даромада, аз ӯ барои нигоҳдорӣ 46 сар чорвои хурд гирифтаст.
Таъкид шудааст, ки ин саршумор ҳайвони хонагиро мард то моҳи сентябри соли 2021 нигоҳубин карда, ба гуфтаи даъвогар, шумораашонро ба 136 адад расондааст.

"Баъдан ба соҳибаш 46 сар чорвои майдаи шохдорро дода, 90 сари боқимондаро ғайриқонунӣ тасарруф намудааст", - овардаанд мақомоти умури дохилӣ аз қавли ин чорводор.

Муроҷиаткунанда иддао дорад, ки бо ин амалаш марди муттаҳам ба ӯ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ зарар расондааст. Вазорати умури дохилӣ изҳор дошт, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон чунин шеваи таъмини рӯзгор, яъне харидани чорво барои нигоҳдорӣ ва аз ҳисоби афзоиши саршумори он ба даст овардани фоида амли роиҷе мебошад.
Козы в снегу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2021
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ: Чорводорӣ дар Душанбе муваққатан иҷозат дода шавад
Мақомоти кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, саршумори чорво дар ҷумҳурӣ афзоиш ёфтааст. То охири соли 2021 дар ҳамаи хоҷагиҳои ҷумҳурӣ ба миқдори 2,4 млн. чорвои калони шохдор, аз ҷумла 1 млн. 251 ҳазор модагов, 6 млн. сар гӯсфанду буз ва 84 ҳазор сар асп мавҷуд буд, изҳор мегуфт Вазорати кишоварзӣ.
Лентаи хабарҳо
0