Интихоби раис ва аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди мақомоти милисаи Хатлон

© Sputnik / Амир ИсаевСотрудники милиции
Сотрудники милиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2022
Обуна шудан
Шӯроҳои ҷамъиятӣ барои таҳкими ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти милиса фаъолият мекунанд
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз интихоби раис ва аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон хабар додаст.
Тибқи иттилои ВУД, Лоҳутӣ Шоҳназаров дигарбора ба мақоми раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Раёсати умури дохилии Хатлон интихоб гардид. Асалмо Сафарзода муовини раиси шӯро, Шаҳриёр Баротов роҳбари гурӯҳи корӣ ва Ҳайдаршо Азимов раиси комиссияи одоби шӯро интихоб шудаанд.
Полковник Валихон Ҳамдамзода, ҳамоҳангсози миллии ислоҳоти милисаи Тоҷикистон дар пайи интихоби роҳбар ва аъзои шӯро зарур хондааст, ки барои ҳамкории бештари мақомоти умури дохилӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тадбирҳо андешида шавад.
Генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Генерал Назарзода: Ман такя ба мардуми бошарафи Бадахшон мекунам!
"Ҳадафи асосии ҳамаи мо ҳифз намудани ободиву осоиштагии ин сарзамин аст. Вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ пеш аз ҳама мусоидат намудан ба мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад", - таъкид намудааст полковник.
Шӯроҳои ҷамъиятӣ мақоми машваратӣ - мушоҳидавӣ мебошанд, ки бар асоси оиннома, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милиса фаъолият доранд. Ҳадафи чунин шӯроҳо ба иттилои ВУД, ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.
Шӯроҳо аз ҳисоби ихтиёриён аз намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа ташкил гардида, ҳолати криминогенӣ, сатҳи ҷинояткорӣ ва усулу воситаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятиро омӯхта, барои мукаммалсозии фаъолияти мақомоти милиса пешниҳодҳо мекунад.
Лентаи хабарҳо
0